«Чашмони мард зебоӣ мечӯяд, чашмони зан сарвату зар, вале бояд андеша намуд, ки рӯзе зебоиро бемориву пирӣ маглуб месозад, сарвату зарро бошад марг»
Низора дар марги шавҳараш зор-зор мегиристу аз дил мегузаронид, ки акнун аҳволи ӯ дар ин мулки бегона чӣ мешуда бошад? Минбаъд бо сари танҳо дар ин ҳавлии дакадангу калон чи гуна зиндагӣ мекунад?
Зани мусофир дар ин мулки ғурбат худро танҳову бе кас эҳсос карда, дилаш аз ҳасрату ғам лабрез гашта буд, вале касе набуд, ки рози дил бигӯяд...
Низора бори аввал дар зиндагӣ аз издивоҷ бо миллати ғайри тоҷик пушаймон гашт. Дарк намуд, ки ба иштибоҳи бузурге рох додаст, аммо аллакай дер шуда буд...
“Мани бе ақл дар вақташ ба гапи Микоил гӯш карда бо дасти худам ҳаётамро сӯзондам. Ҷарроҳӣ карда найчаҳои бачадонамро бастам, то ки ҳомила шуда, фарзанд таввалуд накунам. Мани аҳмақ он вақтҳо ҳатто ба гӯшаи хаёлам ҳам намеовардам, ки фарзанд барои инсон ганҷи бебаҳо ва асои даврони пирӣ асту рӯзе аз ин кори кардаам сахт пушаймон мешавам.. Худоё, акнун мани мусофиру бе фарзанд дар ин мулки ғурбат чи кор мекарда бошам-а?”-мегуфт вай худ ва худ ва рӯяшро ба болин зер карда, зор-зор гиря мекард....
хххххххххх
Ҳамин тавр чанд шабу чанд рӯз дар сӯги швҳараш гиря карда, Низора дилашро каме хлӣ крад ва пас аз солҳои тӯлонӣ аввалин бор пазмони шакароби тоҷикӣ шуд. Хаёли ин зани сарватманд ба дуриҳои дур парвоз карда, дилаш ба ёди лолаҳои сурхи Файзобод гум зада рафт. Модари меҳнатиашро ба хотир овард, ки бо рухсораҳои гулгун ба дегдон хамирро часпонида нон мебаст. Он замон Низораи шашсола дар назди модар нишаста, беқаророна интизор буд, ки кай нони гарм мепазад ва ӯ бо гашничу пиёзу чакаву бодирингу помидор онро мазза карда мехӯрад...
Оби диҳони Низораи 66-сола, ки як умр гулу чизро хӯрда мегашт, акнун ба ёди ана ҳамон шакароби оддии тоҷикӣ рафта, хун мегирист. Вай давраҳои ҷавонии худ ва чӣ тавр ба Олмон афтоданашро ба хотир оварда, ангушти пашаймонӣ мегазид...
ххххххххх
Низора дар донишгохи тиббӣ мехонд ва орзуву ниятҳои зиёде дошт. Падару модараш аллакай барои ӯ домоди соҳибмаълумотеро аз байни хешу табори худашон пайдо карда ният доштанд, ки баъди хатми донишгоҳ тӯйи калон ороста, сари ду ҷавонро ҷуфт мекунанд, аммо дар чашни солинавии донишгоҳ Низора тасодуфан бо чавони олмоние шинос шуда аз нигоҳи аввал шефтаву шайдои ў гардид. Ҷавони олмонӣ ҳам ба ин духтари нозанин ва қошпайвандии тоҷик ошиқи шайдо гашта,мисли Ромео қариб ҳар рӯз ба сурғаш меомад. Дугонаҳояш ҳушдор медоданд, ки аз ин ҷавон дурӣ биҷӯяд, зеро онҳо ҷуфти муносиб нестанд, аммо Низора панду насиҳати онҳоро ҳамчун бахилӣ ва рашку ҳасуд қабул карда, барқасд дар пеши чашми ҳама аз зери бозуи Микоил дошта ба гӯшаш афсонаи ишқ мехонд...
“Бӯйи мушки пинҳон намемонад” гуфтагӣ барин, овозаи ишқу муҳаббати онҳо ба зудӣ то ба деҳа низ расид. Падараш аз қаҳр қариб буд, ки девона шавад, модараш бошад низраро деоҳои бад мекард, ки дами дигар наёфта ба немис ошиқ шудааст, аммо...
Низора чунон волаву шайдои Микоил гашта буд, ки шарм надошта, ошкоро ба падару модараш гуфт, ки ба ғайр аз ин ҷавон дигар бо касе хонадор шуданӣ нест ва агар онҳо ба муҳаббаташ зид бароянд, ҳамроҳи ҷавони дӯстдоштааш гурехта меравад. Падар бо шунидани ин суханон аз забони духтараш қариб ба сактаи дил гирифтор шуда буд ва ду дасташро ба сӯйи осмон бардошта бо чашмони гирён фиғон кашид: “Оқат кардам! Ман дигар Низора гуфтагӣ духтар надорам. Гуноҳатро дар ду дунё намебахшам! Маро дар дами пирӣ дар байни дӯсту душман шарманда кардӣ, илоҳо оворагӯр шавӣ, духтар....”
(Давом дорад)
Шаҳлои Наҷмиддин