arzon replenishment
Нишонаҳои таваллуди бармаҳали тифл
818

Одатан баъди ҳафтаҳои 28-30-юми ҳомиладорӣ дардҳои зоиш оҳиста-оҳиста сар шудан мегиранд. Ин дардҳо барои тайёр шудани бачадони зан ба таваллуд кӯмак мекунанд, вале дард набояд дарозмуддат бошад.

Вақте ки дард бошиддат ва дурудароз мешавад, ҳатман назди духтур рафтан лозим аст, зеро хатари таваллуди бармаҳали тифл ба миён омада метавонад.

Нокомиро пешгирӣ намоед!

Тибби муосир хеле пеш рафтааст ва имрӯзҳо барои пешгирии хатари исқоти ҳамл ва таваллуди бармаҳали тифлакон табибон усулҳои хеле самаранокеро истифода мебаранд, ки аксаран мусбӣ анҷом ёфта, бачапартоӣ ва марги тифлаконро пешгирӣ карда метавонанд.

Барои ин модаршаванда ва атрофиёни зани ҳомила бояд бо пайдо шудани нишонаҳои аввалини сар задани хатари исқоти ҳамл ё таваллуди бармаҳали тифл фавран зани ҳомиларо ба духтур баранд, зеро онҳо низ барои сиҳату саломат ба дунё омадани тифл муваззафанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД