Arzon Banner
НИШОНАҲОИ МУРДАНИ МУҲАББАТИ ДУХТАР
2802

 

Духтареро дӯст дошта ӯро маънии ҳаёту мамот мешуморӣ, омодаӣ, ки барояш аз осмон ситора биёрӣ? Дигар лаҳзае бе ӯ зиста наметавонӣ, вале вақтҳои охир маҳбубат аз ту дурӣ меҷӯяд?

Бадбахтона муносибатҳои ошиқона на ҳамеша ба висол мерасонанд, чунки аксаран хислати духтар бо хислати писар созгор намеояд ё боз ягон чиз монеи пайванди ошиқон мегардад. Баъзан оташи ишқи яке хомӯш мешаваду дигаре инро эҳсос накарда аз дағаливу дурии ёраш дар ҳайрат мемонад.

Сабаб чист?

Аввал аз маҳбубатон сабаби ранҷиданашро пурсед. Сӯҳбати ошкоро натиҷа надода, баръакс оташи ғазабашро аланга занонад, ҷидан андеша бояд кард. Муваққатан аз якдигар дур бошед, агар ҷудоӣ ҳам фоида накунад, ин маънои онро дорад, ки духтар дигар дӯстатон намедорад.

Духтарон барои гуноҳро ба сари мард бор кардан баҳонаи зиёд меёбанд. Беҳуда вақтатонро барои муҳаббати беҷавоб сарф кардан нахоҳед, ба чанд далел, ки маънои дӯст надоштани духтарро дорад, мутаваҷҷеҳ бошед. Албатта барои шахсе, ки ҳанӯз ҳам аз муҳаббаташ умедвор аст душвор мешавад, вале донистани ин далелҳо аз беҳуда аз паси духтари сангдил давидан беҳтар аст.

Инак:

1) Шумо бо маҳбубатон хеле кам дар иртибот ҳастед.

2) Дар чашмони духтар оташаки замоне шӯълаварро дигар намебинед.

3) Ба зангу смс-ҳоятон маҳбубаатон ҷавоб намедиҳад. Худро беҳуда гӯл назанед, агар банд бошад, бояд шуморо бохабар созад.

4) Ҳангоми гуфтугӯ ба чашматон нигоҳ намекунад. Ин нишонаи аввалин аз он далолат медиҳад, ки духтарро чизе ташвиш медиҳад, вале намехоҳад онро фош созад.

5) Ҳеҷ гоҳ аввалин шуда чизе наменависад.

6) Муддати мадид гум шуда, аз худ дарак намедиҳад.

7) Аз вохӯрӣ сарпечӣ мекунад, баҳонаҳои зиёде пеш меорад, худро серкор вонамуд мекунад, вале дар асл бо дугонаҳояш ё бо дигаре вақт мегузаронад.

8) Зуд-зуд нақшаҳояш нисбати шумо тағйир меёбанд.

9) Аз вохӯрӣ дурӣ меҷӯяд.

10) Ҳангоми сӯҳбат бо шумо зуд ба суханаш бо баҳонае нуқта мегузорад.

11) Агар шумо дар ҳақиқат гунаҳкор бошеду бахшиш пурсед, духтар рӯй метобад.

12) Аз тамоми намуди муошират бо шумо дурӣ меҷӯяд.

15) Барои шуморо фаромӯш кардан барои худ шуғл меёбад.

14) Ҳангоми сӯҳбат мегӯяд, ки чизеро намешунавад ва телефонро хомӯш мекунад.

15) Тӯҳфаҳоятон барояш арзише надоранд.

16) Дар суханаш самимият эҳсос намешавад.

17) Дар назди дӯстон шуморо ганда мекунад.

18) Дар назди дугонаҳояш бо шумо ҳамчун дӯст муносибат мекунад.

19) Аз сӯҳбати ҷиддӣ мегурезад.

20) Дар интернет ва сетҳои иҷтимоӣ аз шумо мегурезад, чизе наменависад ё умуман сурату маълумотҳояшро пинҳон мекунад.

21) Дар бораи худ чизе намегӯяд.

22) Дар бораи ба куҷо рафтану чӣ кор карданаш чизе намегӯяд.

Ана ҳамин тавр, хонандагони азиз, ин қоидаҳоро аз худ намоеду вақти худро барои духтароне, ки шуморо дӯст намедоранд, беҳуда сарф накунед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД