Sebiston new 2024 october
Нишолло "зиннати моҳи шарифи Рамазон"
1070


Ҳамасола ҳамин, ки моҳи шарифи рамазон оғоз ёфт, мардум ба ҷустуҷӯйи нишолло сар мекунанд.

нишолло

Ин ширинии хуштамъ ба як навъ рамзи рамазон табдил ёфтаат ва аксари хонумҳо дастурхни ифтори худро маҳз бо нишолло зиннат медиҳанд. Ҳунари нишоллопазӣ дар Осиёи Миёна, махсусан Тоҷикистон васеъ паҳн гаштааст ва дар аксари шаҳру навоҳии мамлакат нишоллопазони моҳирро пайдо кардан мумкин аст.

Қаҳрамони мо Фахриддин Ахмедов якеаз чунин ҳунармандон буда, беш аз 30-сол боз бо пухтани нишолло машғул аст.

ззз

"Ман дар оилаи ҳунарманд ба дунё омадаам. Азбаски падарам нишоллопаз буданд, ҳанӯз аз даврони кӯдакӣ ба кори он кас зеҳн монда, нозукиҳои ин ҳунарро меомӯхтам. Ҳамин тавр бо мурури замон, тарзи пухтани нишллоро ёд гирифтам ва инак 30-сол боз ҳамин ҳунар мар нон медиҳад”-мегӯяд амаки Фахриддин.

Нишолло бештар дар тӯю маъракаҳои мардумӣ ба дастурхон гузошта мешавад, аммо дар моҳи шарифи Рамазон харидори зиёд пайдо мекунад. Қаҳрамони мо Фахриддин Ахмедов мегӯяд:
"Нишолло ки дар таркибаш гиёҳе бо номи "Аллоҳрӯзӣ" дорад, аз ин рӯ дар моҳи шарифи Рамазон зиёдтар истифода бурда мешавад. Сабаб дар он аст, ки гиёҳи мазкур дар таркибаш витаминҳои зиёдеро доро мебошад. Ҳангоми дар шиками гурусна хӯрдан, нишлло микробҳоеро, ки дар меъдаву рӯда ва дигар узвҳои инсон ҳастанд, нест мекунад.”

Барои тайёр кардани нишолло тахминан 3-4 соат вақт лозим мешавад. Мӯҳлати нигоҳдории онро қариб шаш моҳ арзёбӣ мекунанд, яъне дар ин муддат вайроншавии нишолло ба назар намерасад.

ггг
Нишолло ҳамчун як навъи ширинӣ аз замонҳои қадим то ба имрӯз расидааст ва то ҳол бархе аз мардум барои омӯхтани нозукиҳоиюи ин ҳунар фарзандони худро дар назди устоҳои моҳири нишоллопаз шогирд мемонанд. Усто Фахриддини нишолопаз мегӯяд:

"Мардум мехоҳанд ҳунареро ба фарзандашон омӯзонанд, ки ҳамарӯза самар дода истад, яъне даромади рӯзмарра дошта бошад. Ман ба ғайр аз фарзандону пайвандони худам, боз ду шогирд дорам, ки нозукиҳои нишлопазиро омӯхта истодаанд”.

Бино ба гуфти қаҳрамони мо, нишоллопазӣ ҳунари бисёр нозук буда, аз кас тозагӣ, эҳтиёткорӣ ва бо диққат буданро талаб мекунад. Деге, ки дар он нишолло пухта мешавад, бояд нав ва топ-тоза бошад. Ба ин дег бояд заррае равған нарасида бошад, дар акси ҳол нишолло вайрон мешавада.
Фахриддин Ахмедов ҳамчун устои моҳири нишолопаз дар бисёр озмуну фестивал ва намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ иштирок карда, ғолибият ба даст овардааст. Ҳамчунин дар бораи ӯ филми ҳуҷҷатӣ омода карда шудааст.

Мо ба фаъолияти минбаъдаи ин марди ҳунарманд барор хоста, орзу мекунем, ки ҳамеша кми мардуми тоҷикро ширин карда истад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД