Sebiston new 2024 october
Ниқобҳои табиӣ барои дароз кардани мӯй
20.05.2023
ОИЛА
1138

 

Роҳи осон ва каммасрафи дароз кардани мӯй истифода бурдан аз равғану маҳлулҳои табиӣ аст. Ниқобҳои растанигиро дар хона ҳам тайёр кардан мумкин аст. Инак, 3 ниқоби машҳур барои мӯй.

Ниқоби қаланфурӣ

Ниқоби қаланфурӣ дар давоми панҷ дақиқа тайёр мешавад. Як қошуқ шираи қаланфур (перцовая настойка), 1 қошуқ равғани беданҷир (касторовое масло) ва 1 қошуқ балзам барои мӯйро нағзакак омехта намуда, ба пӯсти саратон молед. Ниқобро то даме дар саратон нигоҳ доред, ки пӯсти саратон сахт ба сӯзиш дарояд. Ин ниқобро ҳафтае се маротиба истифода бурдан кифоя аст.

Ниқоби намакин

3 қошуқ намаки йоднокро бо 5 қошуқ об омехта, ба мӯятон молед ва 10 дақиқа маҳс намуда, боз 10 дақиқаи дигар нигоҳ доред. Ин ниқоб мӯйро ба зудӣ қувват бахшида, афзоишашро метезонад. Ниқобро ҳафтае 2 маротиба истифода баред, натиҷаашро баъди як моҳ бо чашми худатон мебинед.

Ниқоб аз чой

Ниқоби аз чой тайёршуда ба мӯйҳои равғанин таъсири хуб мерасонад. Барои омода кардани ин ниқоб шумо бояд 250 г чойи хушкро бо 250 мл арақ омехта намуда, пасон онро аз дока полонда ба мӯятон молед. Ниқоби чойиро на камтар аз як соат дар мӯй нигоҳ доштан лозим аст. Бо сачоқ печонидани саратонро фаромӯш накунед.

Бо шарофати таъсири арақ, витамин, кофеин ва антиоксидантҳои чой зуд ба решаи мӯйҳо ворид мегарданд. Баъди ду ҳафта кокулонатон нарму баъди як моҳ дарозтар мешаванд. Ин ниқобро ҳафтае 1-2 бор истифода баред, кифоя аст.

Витамин хӯред

Ҷисми мо асосан витаминҳоро аз хӯрок мегиранд, вале аксаран витамини аз хӯрок мегирифта барои мӯй кифоя нест. Дар чунин ҳолатҳо витаминҳои махсусро истеъмол кардан лозим аст. Витаминҳо ва иловаҳои фаъоли биологӣ якҷоя бо хӯрок ва нигоҳубини дуруст мӯйҳои шуморо дарозу мустаҳкам месозанд. Витаминро 2-3 моҳ истеъмол намуда, баъд як ҳафта танаффус мекунед ва боз табобатро давом медиҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД