Модарам аз варами хатарноки ҷагар азият мекашад. Пизишкон қарор намуданд, ки ӯ ба пайванди ҷигар ниёз дорад.
Мехоҳам як қисми ҷигарамро ба модарам диҳам, аммо баъзеҳо мегӯянд, ки ин кор гуноҳ аст ва агар одами мусалмон узви баданашро ба шахси дигар диҳад, баъди марг ба азоби ҷаҳаннам гирифтор мешавад. Аз ҳамин хотир мехоҳам донам, ки дини мбини ислом дар ин маврид чӣ назар дорад?
Самариддин, ш. Душанбе.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
Аз Аллоҳ таъоло хоҳонем, ки модаратонро шифо диҳад, офият бахшад ва ӯро бар ин имтиҳон собир гардонад ва ҳамчунин аз Ӯ хоҳонем, ки ба шумо ба хотири некӣ ба модаратон ва эҳтимом ба таҳорату намози худ подоши некӯ диҳад.
Дуввум: Аммо оиди эҳдо кардани қисмате аз ҷигари худ ба модаратон, ин амал бо ду шарт ҷоиз аст:
- Пеш аз эҳдо кардани он бояд аз тариқи озмоишҳои пизишкӣ собит шавад, ки ин кор ба модаратон фоида дорад.
- Бо сабаби эҳдо намудани қисмате аз ҷигар ба шумо осебе нарасад.
Мо гумон намекунем, ки эҳдо кардани қисмате аз ҷигар ба масъалаи эҳдо намудани узвҳои бадан, ки дар ин масъала байни донишмандон ихтилофи машҳур аст, дохил мешавад. Балки ин ба масъалае, ки ба раво будани он донишмандон иттифоқ кардаанд, дохил аст, чунки ҷигар баъд аз буридани қисмати эҳдошудаи он рушд намуда, баъд аз камтарин муддат ба ҳадди камоли худ бозмегардад. Ин сухани мутахассисони бузурги соҳаи ҷигар ва пайванди он аст. Аз ин рӯ, эҳдо кардани қисмате аз ҷигар ба эҳдо намудани хун монандӣ дорад, ки донишмандон бар раво будани он иттифоқ кардаанд, зеро хун дар бадан нав мешавад. Аммо дар умум пайвандсозии пурраи узвҳои ҳаётан муҳимро Ислом иҷозат намедиҳад.