Arzon march 2024
НИКОИ ХЕШУ ТАБОРӢ ҒАМУ АНДУҲИ ОИЛА ГАШТ
1482
НИКОИ ХЕШУ ТАБОРӢ ҒАМУ АНДУҲИ ОИЛА ГАШТ

Момаи Гулчеҳра 72 сол дорад. Ин зани солхӯрда аз зиндагӣ ба ҷуз ғаму дарду ғӯсса чизе надидааст. Ба хотири мустаҳкамтар шудани риштаҳи хешу таборӣ фарзандонашонро бо хешу табори наздик хонадор намуда, вай ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки як рӯз не як рӯз никохи хешутаборӣ боиси ғаму андӯҳаш мегардад.

Момаи Гулчеҳра танҳо вақте ба худ омад, ки бар асари никоҳи хешу табори набераҳояш маъюб ба дунё омаданд, вале аллакай дер шуда буд. Ин зани солхӯрда худро махсусан дар маъюбии наберааш Хомисаи 25-сола гунаҳкор дониста, хеле ғусса мехӯрад. Интервюи кампир Хомиса ақли расо дошта, бисёр духтари боистеъдод аст, вале тақдир ӯро ба пойи равон маҳрум гардонидааст. Ба маъюбиаш нигоҳ накарда, ин духтараки қавиирода тавонист ба донишгоҳ дохил шуда, соҳиби маълумоти олӣ гардад.

Интервюи дуюм Хомиса истеъдоди шоирӣ ва ҳунари нависандагӣ дошта, аллакай чанд китобаш ба табъ расидааст, вале ин духтараки соҳибқалам дар шароити хеле душвор зиндагӣ мекунад. Манзиле, ки ин духтари маъюб умр ба сар мебарад, танҳо аз як ҳуҷра иборат буда, ягон шароит надорад. Умедворем, ки шахсони саховатманд аз рӯйи раҳму инсоф ба ин духтараки босаводу боистеъдод дасти ёрӣ дароз менамоянд, зеро некӣ кардан ба маъюбону муҳтоҷон амали нек буда, савобаш ба зиёрати хонаи худо бароробар аст.


НАФАРОНЕ, КИ БА ИН ОИЛА КӮМАК КАРДАН МЕХОҲАНД, БА РАҚАМҲОИ 92-600-52-13 ЗАНГ ЗАНАНД Ё БА РАҚАМИ КОРТИ БОНКИИ ГУЛЧЕХРА ЮНУСОВА 5058270420156605 (БОНКИ ЭСХАТА) ХАЙРИЯИ ХУДРО РАВОНА СОЗАНД! РАКАМИ ТЕЛЕФОН БА КОРТИ БОНКӢ ПАЙВАСТ АСТ!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД