Arzon march 2024
Нек ва Тара зану шавҳари ҳақиқӣ шуданд
1933

Дирӯз ду блогери ҷавону серҳаводор Некрӯ ва Муаттара бо ҳам оиладор шуданд.

Маросими васли онҳо дар тарабхонаи "Осмон" доир шуда, Шабнами Сурайё ҳамчун меҳмони хоса барои ҷуфти ҷавон ҳунарнамоӣ кард.

Бояд гуфт, ки Nek.xxl ё Некрӯ ҳамроҳ бо Тара Динова ва ё Муаттара Насриддинова дар бораи зиндагии якҷоя блогҳои ҳаҷвӣ доранд ва дар наворҳои худ қолабҳои гуногун, қиссаҳои маъмулӣ аз зиндагии тоҷиконро нишон медиҳанд, ки дар байни тамошобинони тоҷик сермухлисанд.

Муаттара зодаи Душанбе буда, дар оила фарзанди ягона аст.  Ӯ дар Маскав ба воя расидааст. Маълумоташ олӣ нест ва ҳамагӣ 9 синфро хатм кардааст. Ӯ ҳанӯз аз синфи ибтидоӣ бо сабабҳои гуногун зуд-зуд мактабашро иваз мекард ва бештар дар мактабҳои русӣ таҳсил кардааст.

Тара дар кӯдакӣ модару холаҳояшро ороиш медод ва ба олами блогнависӣ ҳам ҳамчун ороишгар ворид шуд. Ӯ ҳамчунин шаҳодатномаи хатми курси драмматургия дорад. Ӯ, ҳамзамон, варзишгари риштаҳои MMA, бокс ва айкидо буд.

Нек ва Тара имрӯз муҳтавои ҷолиби ҳаҷвӣ доранд. Идеяи наворҳо аз ҷониби Нек ироа шуда, онҳо якҷоя ин саҳнаҳоро меофаранд.

Аз идора: Мо ба ин ду ҷуфти ҷавон хушбахтӣ ва фарзандони солим орзу мекунем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД