Formula september
Назарҳои мухолиф дар мавриди қимматшавии гӯшт
963

Дар як моҳи охир нархи гӯшт дар бозорҳои кишвар бештар боло рафта, ҳоло як килои он дар фурӯшгоҳҳои Душанбе аз 95 то 100 сомонист.

Ҳарчанд тибқи маълумоти Агентии омор то 1-уми сентябри соли 2024 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо саршумори чорвои калон 2 миллиону 704,2 ҳазор сарро ташкил намуда, ҳаҷми истеҳсоли гӯшти чорвои калон ва майда (дар вазни зинда) дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо 148 801 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 10,8 фоиз зиёд мебошад, вале ҳамоно мардум аз нархи гарони он шикоят доранд.

Мақомот мегӯянд, талаботи мардум ба гӯшт зиёд шудааст, бинобар ин, дар баъзе аз бозорҳо аз ҳисоби захираҳои давлатӣ ярмарка ташкил шудааст, ки як кило гӯштро 60 сомонӣ мефурӯшанд.

Ҳарчанд Сафаралӣ Қурбонзода, муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон сабаби болоравии арзиши гӯштро дар кам шудани саршумори чорво медонад, вале маълумоти Агентии омор баръакси андешаи ӯро мегӯяд.

Машокир Назарзода, муовини вазири кишоварзӣ, бар хилофи ӯ, гуфт, камшавии саршумори чорво вуҷуд надорад, балки гӯштхӯрӣ беҳад зиёд шудааст ва аҳолӣ ҳатто наҳориашонро дар ошхонаҳо карда истодаанд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон барои пешгирии боз ҳам бештар боло рафтани нархи гӯшт бо Қазоқистон барои ворид кардани 110 тонна гӯшт созишнома баст, ки ҳафтаи гузашта 16 тоннаи он ворид шуд. Ҳарчанд ин тадбир ҳам нархро пасттар накард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД