Сухангӯи аввалини президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки гирифтори коронавирус шудааст, дар бораи саломатии ӯ маълумот дод. Табибони қазоқ баъди ташхис ва гузаронидани тест дар бадани собиқ президент аломатҳои коронавирусро пайдо карданд.
"Ташхиси охирони Нурсултон Назарбоев ба коронавирус мусбӣ буд", - навиштааст дафтари матбуотии Назарбоев. Айни ҳол, аввалин сарвари Қазоқистон дар карантин қарор дорад.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии ӯ вазъи Нурсултон Назарбоев новобаста аз натиҷа мусбии ташхис хуб аст. "Ҷои нигароние нест", - афзудааст дафтари матбуот. Ба қавли сухангӯи ӯ Назарбоев вазифаашро дар карантин низ иҷо карда истодааст.
Пештар ҳам дар бораи бад шудани саломатии Назарбоев овозаҳо зиёд буданд. Аз ҷумла, рӯзи 4 апрел расонаҳо навишта буданд, ки саломатии президент бад шудааст, аммо Айдос Уқибой, котиби матбуотии ӯ вазъи саломатиашро шарҳ дода, изҳор дошта буд, ки Нурсултон Назарбоев комилан сиҳат аст.
"Мо ҳеҷ гоҳ овозаҳоро шарҳ надода будаем. Аммо, чанде қабл баъзеҳо кӯшиш карданд, ки вазъро дар кишвар нотиннҷ кунанд, аз ҷумла тавассути паҳн кардани маълумоти дурӯғ дар бораи вазъи саломатии Назарбоев. Ҳамаи ин сару садоҳо асоси воқеӣ надоранд. Назарбоев барои беҳбудии ватан дар шароити карантин ҳам кор мекунад", - навишта буд Уқибой Айдос.
Ин овозаҳо дар ҳоле буданд, ки рӯзи 3 апрел Назарбоев бо раисони вилоятҳо ва шаҳрҳо дар робита бо вазъият ва омодагии минтақаҳо ба мубориза бар зидди коронавирус сӯҳбатҳо анҷом дод.
Ниҳоят баъди тасдиқ шудани сироятшавии ӯ ба коронавирус президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо фиристодани як нома ба ӯ изҳори боварӣ намуд, ки собиқ президент дар зудтарин фурсат ба коронавирус ғолиб меояд.
"Ман аз хабари мубтало шудани шумо ба бемории коронавирус хеле ташвишовар шудам. Мехоҳам бори дигар ба шумо, бародари азиз ва қадрдони ман изҳор мекунам, ки дар ин айёми душвор ман бо шумоям ва ҳамаҷониба дастгириятон мекунам", - навиштааст Мирзоёев дар мактуби худ.
Роҳбари Ӯзбекистон бовар дорад, ки дар ояндаи наздик Нурсултон Назарбоев ба ин вирус ғолиб меояд. "Нурсултон Абишевичи гиромӣ, аз Худованди бузург хоҳиш мекунам, ки ба шумо саломатии комил, қувват, умри дароз ва комёбиҳои навро ҳадя кунад", - таманно намудааст Мирзиёев дар мактуби худ.
Назарбоев Нурсултон Абишевич 6 июли соли 1940 дар деҳаи Шамалғони ноҳияи Каскелени таваллуд шудааст. Падараш Абиша ба кишоварзӣ машғул буд.
Соли 1960 Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии (ПТУ) №22 дар ш. Днепродзержинскро хатм кардааст. Соли 1967 ВТУЗ-и назди комбинати металургии Қарагандаро ба итмом расонидааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1960, ҳамчун коргари управленияи сохтмони трести «Казметаллургстрой» дар ш. Темиртау вилояти Қараганда оғоз намуда, 1 декабри соли 1991 дар интихоботи аввалини умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон 98,7% овозҳоро соҳиб гардиду бори аввал Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон шуд.
Ӯ боз панҷ маротибаи дигар ҳам Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон интихоб шудааст. Моҳи апрели соли 2015 дар интихоботи президентӣ бори панҷум Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон интихоб гардид
19 марти соли 2019 аз тариқи истеъфо аз вазифа рафт ва айни ҳол раҳбарии Шӯрои амнияти ин кишварро бар зимма дорад.
Ӯ дорандаи унвони расмии «Пешвои Миллат», Қаҳрамони Миллии Қазоқистон (2012; аз рӯи вазифа ҳамчун президент ва Пешвои Миллат) мебошад. Соли 2011 ба ифтихори ӯ дар кишвараш "Рӯзи Президенти Қазоқистон" ҷорӣ гардид, ки ҳамасола ҷашн гирифта мешавад.