Шаби ошиқони бедил…
Хонаву дарам тоза бошанд ҳам, рўзи шанбе то бегоҳ ҳамроҳи Шарафнисо хонаву дарро тамиз намуда, дастархони пурнозу неъмате оростем. Бечора дугонаам “Худо гирад, ҳамун домоди гунгаларо, мурдем аз ҷунбидана” гуфта, баъди анҷоми корҳо як пора гӯшти яхнию як бурда нон хўрда, ба яке аз хонаҳо даромада, дарашро қуфл намуда, хоб рафт. Ў пеш аз ин маро даҳ бор таъкид карда гуфт:
-Ҳушатро ба сарат гир, ки ҳам маро бадном мекунӣ, ҳам худатро, баъд шаҳбозҳо (бародаронамро дар назар дошт) сари гунгро ҳам мегиранду аз моро ҳам,-ман бо ханда гуфтам,- Шарафнисо, наход ту ба ман бовар накунӣ?!
Баъди хоб рафтани Шарафнисо ман оббозӣ кардаму либосҳои наву зебои хонагиямро ба бар намуда, нав телевизорро равшан намуда будам, ки занги дар садо дод. Давон рафта, онро кушодам, пушти дар бо дастагули калони зебо Ҳотам меистод. Ў бо имову ишора салом доду ман ўро ба хона даъват намудам, Ҳотам пойафзолашро кашида, ба хона даромад. Ман ўро сари миз шинонида, аҳволпурсӣ кардам. Ў бо хандаю нигоҳҳои ширин ба ман ҷавоб дода, аз кисааш ангуштарии нуқрагиеро бароварда, чун савғо ба ман дароз кард. Ман аз илтифоти ошиқи гунгам курта-курта гўшт гирифта, зуд ангуштарини нуқрагинро ба дастам андохтам… Он шаб то саҳар ману Ҳотам бедор будему бо ҳам «роз» гуфтем, ман то як дараҷа забони имою ишораи дўстдоштаамро ёд гирифтам. Он шаб бўсаҳои ширини ошиқонаро низ чашидаму оғўши мардро низ дидам, фақат кӯшиш карда, худамро доштам то номусамро ҳифз созам. Дасти маро то ҳол ягон ҷавон надошта буд, гумон доштам, ки барои Ҳотам низ ман аввалин духтар ҳастам, вале…
Ў хеле чобукона дасти маро медошту чолок ба оғўшам мекашид, бо шухӣ гуфтамаш “ту духтарбоз менамоӣ”, вале ў хандид ва баъдтар бо имою ишорааш гуфт, ки “духтарони зиёде бо ман шинос шудан мехоҳанд, аммо ман бо дидани ту дил аз даст додам…” Шаби васл ба охир расиду субҳ дамид, ҳарду ба айвон баромадем, субҳ ба болои шаҳр шоли сафеди худро мекашид. Барои надидани ҳамсояҳои кунҷков ман торико торик Ҳотамро ба мошинам шинонида, ба вокзал овардаму роҳпулӣ гуфта, боз панҷсад сомонии дигарро ба дасташ дода, ўро гусел кардам. Ҳотам бо чашмони дурахшон ба ман нигариста, ишора кард, ки мошинам зебост…
Ишқи ҷигарсўз
Ба хона баргаштаму ба миз назар кардам, “гӯшту пистаро дўст медоштааст” аз дил гузаронидам, гўштхўриҳову пистачақониҳои Ҳотам ба хотирам зада… Аз шиддати бехобӣ сарам мекафид. Ба хонаи хоб даромада, худро болои рахти хоб партофтам, аз бистару болин бўйи атри диловези Ҳотам меомад…
Чун аз хоб хестаму ба соати телефонам нигаристам, ҳуш аз сарам канд, соат даҳи шаб буд. Дидам, ки падарам чанд бор занг задааст, зуд ба вай занг задам, ки гуфт:
-Ҳа, аз корҳои хона гурехта, ба шаҳр хобравӣ меравӣ-а?! Як хонаи сеҳуҷрагиро ду духтар рўфта, ду рўз хоб меравед, мӣ?!
-Дадаҷон, ҳозир ба мошин шишта меоем...,- падарам гапамро бурида гуфт,- субҳ ба равшанӣ ба роҳ бароед, то саршавии дарсҳоятон биёед, шуд. Дар ин торикӣ ба роҳ набароед…
“Худоро шукр” гуфтаму аз хона баромадам, Шарафнисо аллакай хонаро ғундошта, ҳама чизро ҷо ба ҷо кардаасту чой нўшида, кинофилми туркии дўстдоштаашро тамошо дошт. Ў маро дида, бо як содагӣ гуфт:
-Бечора гунгаки ту, пиставу гӯштро дар умраш якум бор дидааст-а?! Наход як лагани калон гӯштбирён ва ду килло пистаро ду кас дар як шаб…
-Шарафнисо айба намедонӣ, “гунги ту, гунгалаи ту” мегӯӣ, ту чӣ хел одамӣ,- ман қаҳр карда, аз нав ба хонаи хоб даромаданӣ будам, ки дугонаам маро ба оғўш кашида, узр пурсиду мо ҳар ду сари дастархон нишастем. Аз Ҳотам пайи ҳам паёмакҳои меҳромез меомад, ки лабрези ишқу муҳаббат буданд. Ман ба Шарафнисо гуфтам, ки агар бародаронам аз баҳрам гузаранд ҳам, ман бо Ҳотам хонадор мешавам. Дугонаам бо даҳони воз ба ман нигариста гуфт:
- Ў гунги модарзод аст?
Ман навиштаҳои Ҳотамро ба ёд оварда, гуфтам, - не, ӯ то панҷсолагияш хуб гап мезадааст, рӯзе рафиқашро дар наздаш мошин зада куштааст. Бо дидани ҷасади ба хоку хун оғўштаи ҷўрааш Ҳотам гунг мешавад, даводави пайвандонаш барои табобати вай фоида намебахшад…
Муаммои табобат
Акнун ман шабу рўз дар ёди Ҳотам будам, вале ў пас аз чанд бор паёмак фиристодани ман ҷавоб медоду халос. Чун аз ў сабаб пурсидам, навишт, ки бояд ба хориҷи кишвар барои табобат равад, вале пул надорад.
-Мо даводав дорем, ки аз ташкилотҳои байналмилалӣ ёрӣ пурсем, аммо бенатиҷа… Дар Олмон табибе будааст, ки ҳатто гунгҳои модарзодро гўё мекардааст, аммо нархи табобат хеле қиммат аст,-менавишт Ҳотам. Ман ба Ҳотам навиштам:
-Рўҳафтода нашав азизам, ман тамоми зару зеварамро фурўхта, барои табобати ту сарф мекунам, зарур шавад, мошину хонааро низ ба савдо мегузорам,- Ҳотам дар ҷавоб навишт:
-Ман ҳаргиз ин гуна қурбониро аз ту қабул намекунам, зеро ин ҳамаро бародаронат барои ту харидаанд, аз чунин амал бадном мешавӣ…
Ман дар ҷавоб гуфтам, ки ягон фикр мекунам…
Ҳотам рост мегуфт, ман ҳаргиз хонаву мошинро фурўхта наметавонистам, зеро онҳо ба номи падарам буданд. Арзиши зару зевари ман даҳ ҳазор доллар мешуд ё не, барои табобати Ҳотам бошад, шаст ҳазор доллар даркор буд. Ман тамоми зару зевари доштагиямро фурўхтам ва ба пойтахт рафта, дар дасти Ҳотам дода баргаштам. Дар пойтахт мо ду соат вақт доштем, ман бисёр мехостам ба тамошои ягон боғ равем, аммо Ҳотам хоҳишамро рад карда фаҳмонд, ки ўро нафаре интизор аст ва бояд кўмакаш намояд. Дар пойтахт Ҳотам ким чӣ хел сарсону саргардон буду мисли дуздҳо ба пасу пеш нигоҳ мекард, аз касе метарсидагӣ барин ҳаросон буд...
Самираи фиребхўрда