Чӯпондухтар
Ман дар хонаводаи марди чўпон ба дунё омадааму байни ҳашт бародар ноздонаю эркаю худам шоҳу табъам вазир ба воя расидам. Аҳли оилаи мо дар яке аз ноҳияҳои зебоманзари кишвар зиндагии шоиста ва бофароғате доранд. Мо аз қавми лақай ҳастем, аммо дар шиносномаамон тоҷик навишта шудааст, зеро падарам миёни тоҷикон зиндагӣ карда, худро тоҷик мешуморад. Ҳамаи келинҳоямон духтарони тоҷиканд…
Синну соли падарам ба ҷое расида бошад ҳам, дар кору бори бародаронам роҳбарӣ мекунад. Ҳарчанд чўпонҳои кироя низ дошта бошем, вале падарам зуд-зуд ба кўҳу пушта ба хабаргирии молу гов меравад ва агар фасли баҳорон бошад, ману янгаҳоямро ҳамроҳ мегиранд то ҳавои тозаи кўҳистонро шамидаю аз дидани манзараҳо ҳаловат барем. Дар яке аз ҳамин гуна рўзҳои баҳорӣ ман каме мариз будам, аҳли хонаводаро падарам ба кўҳсор бурданд, модарам бо ман монда рафтан намехостанд, аммо падарам ба ҷону ҳолашон намонда, ўро ҳам ҳамроҳ бурданд…
Пайғоми ношинос
Ман дар хона танҳо монда, ба дугонаам Шарафнисо телефон карда, хеле сўҳбат кардаму акнун дору хўрда, каме хоб карданӣ будам, ки дар “Ватсап”-ам як муколама омад.
- Салом Парвинҷон, Шумо нағз? -ман пеш аз ҷавоб додан, рақамро дар телефонам сабт кардам ва дидам, ки дар рўйи экрани телефон рақами телефон ва номи соҳиби он Ҳотам Аъзам намудор гашт. Аз экрани телефон ба ман ҷавони ниҳоят зебое бо хандаи дилкаш менигарист, дилам таҳ хўрд ва навиштам:
- Салом, вале афсўс, ки ман Парвинҷони гуфтаи шумо нестам, номи ман Самира…
Ҷавон узр пурсид, ки тамоми рақамҳои телефонашро нафаҳмида, нобуд кардаасту ҳатто рақами духтархолааш Парвинро низ, акнун наметавонад бо ў ҳамсўҳбат шавад. Ман он рўз дигар дору хўрдану хобиданро низ аз ёд бароварда, то омадани пайвандонам бо ин ҷавони ширинсухан сўҳбат кардам ва аз фоҷиаи ҳаёти ў огаҳ гашатам…
Ҳотам дар оилаи камбизоат ба дунё омада будааст, падару модар ва бародари ягонааш омўзгор будаанд. “Дар шаҳр бо маоши омўзгорӣ кашидани бори зиндагӣ хеле вазнин аст”,- менавишт ў. Бар замми ин, боз ин ҷавони зебои юсуфрўй гунг будааст, навиштану хонданро бошад, ба ў пайвандонаш омўзонида будаанд. Ҳотам бист сол дошта, дар сехи қаннодие ба ҳайси бастабанд кор мекардааст, яъне қаноддиҳоро дар қуттиҳо ҷой намуда, барои фурўш тайёр мекардааст. Ман Ҳотамро тасалло додам, ки Худо хоҳад, ў шифо меёбад, зеро илми тиб ба дараҷаи олӣ тараққӣ намуда, қариб дар табобати ҳамаи бемориҳо қодир аст.
Ишқи ҷавони гунг
Ман дар коллеҷи тиббии ноҳияамон таҳсил мекардаму аз ҳисоби давлату сарвати бародаронам беҳтарин сару либосро мепўшидаму зери поям мошини қимматбаҳои хориҷӣ буд. Бародарони ман на танҳо ноҳияи худамон, балки аксари ноҳияҳои вилоятро бо гўшти тоза таъмин мекарданду пули зиёде доштанд. Онҳо ҳамагӣ дар пойтахт хонаҳои зебои муҷаҳҳаз ва дар ноҳия бошад, ҳавлиҳои бошукўҳ доштанд. Падарам барои ман ҳам аз биноҳои навсохти маркази вилоят хона харида буд. Бародаронам ваъда дода буданд, ки баъди хонадор шуданам, дар пойтахт низ бароям хона хоҳанд харид. Таъриф намекунам, аммо духтари қоматбаланди соҳибҷамол ва панҷ панҷаам ҳунар аст. Хостгорони зиёде дошта бошам ҳам, падарам мегўяд, ки то хонда, дипломамро нагирам, фикри шавҳарро накунам, аммо…
Мани ба хушомадгўйиҳои ҷавонони зебои чорпаҳлў бетараф, ба ҷону дил ошиқи ҷавони гунг шудам. Мо шабу рўз дар мукотиба будем, баъди даҳ - понздаҳ рўзи сўҳбатҳои ширин, Ҳотам яку якбора гум шуду навиштаҳои ман беҷавоб монданд. Ў ба зангҳоям низ ҷавоб намедод, дилам ба кафидан наздик меомад, суроғаашро намедонистам, вагарна ба пойтахт ба ҷустуҷўяш мерафтам. Ғайр аз Шарафнисои дугонаам касе аз ишқи ману ҷавони гунг огаҳ набуд, аз ин рў, назди дугонааам рафта, хуб гиристам. Шарафнисои дилсўз фикр карду гуфт:
- Самира, охир гунги ту аз оилаи камбизоат аст, шояд пул надошта бошад, ки ба телефонаш гузаронида, шабу рўз бо ту тариқи “Вотсап” гуфтугў кунад?!- Аз «гунги ту» гуфтани Шарафнисо ранҷида бошам ҳам, аз ин хулосаи кардааш хурсанд шуда, ўро бўсидаму худи ҳамон дақиқа берун баромада, ба телефони ў дусад сомонӣ гузаронидам. Баъди даҳ дақиқа ба “Вотсап”-ам паёми Ҳотам омад, ки мегуфт:
- Самираҷон, чаро ту ба телефони ман пул партофтӣ, ба Худо шарм доштам.
Дар ҷавоб навиштам:
- Ҳеҷ гап не, бародарони ман ҳар рўз ду баробари ин пулро барои кисахарҷиям медиҳанд, агар ёрдам даркор бошад, бе ягон шарму ҳаё муроҷиат намо…
Маслиҳати вохўрӣ
Акнун муносибатҳои ману Ҳотам хеле бепарда шуда буданду мо тавассути телефон аз бўсу канору оғўшу шабҳои ҳиҷрон ва дарди ишқ сухан мекардем. Ҳотам он қадар дар сухан усто буд, ки маро сад бор мекушту зинда мекард. Худ ба худ қавл додам, ки агар аз сарам санг резанд ҳам, ман бо ў ҳамхона мешавам. Суратҳои зебои фиристодааш маро бо сад ҷон ошиқи ў карда буданд. Акнун дар як моҳ ду ё се бор барои ў пул мефиристодам, то аз чизе танқисӣ накашад. Баъзан барои худам сарфа мекардаму барои ў харҷ менамудам. Ҳарчанд Ҳотам инро намехост… Мо баъди ду моҳи шиносоӣ қарор додем, то вохўрем. Ҷойи вохўрӣ ҳам аниқ шуд…
Аз ноҳияи мо то маркази вилоят ҳамагӣ бист километр роҳ аст, аз ин рў, ман зуд - зуд ҳамроҳи ҳамсабақон ё Шарафнисо ба хонаи барои ман харидаи бародаронам рафта, баъзан ягон шаб он ҷо мемонем. Бароям барпо намудани вохўрии якшаба бо Ҳотам ҳеҷ ишколе надошт, танҳо Шарафнисоро розӣ карда, ҳамроҳам бурдан лозиму буду халос. Шарафнисо духтари хеши дури падарам ва дугонаи аёми кўдакиҳои ман аст. Падари ў мулло асту танҳо ба хотири падарам ризо шуд то духтараш дар коллеҷи тиббӣ таҳсил кунад. Шарафнисоро падару бародаронам мисли ман дўст медоранду дастгирӣ мекунанд, бародари ягона ва волидонаш низ ба ман сахт боварӣ доранду аз дугонагии мо хурсанд ҳастанд.
Аввал бо волидони худам, баъд бо волидони Шарафнисо маслиҳат намуда гуфтам, ки рўзи шанбею якшанбе ба шаҳр (мо маркази вилоятро ҳамин тавр меномем) рафта, хонаву дарро тамиз намудан лозим. Онҳо бе ҳеҷ шакку шубҳа розӣ шуданду мо бегоҳи ҷумъа ба роҳ баромадем. Сари қадам ба бонк даромада, ба корти Ҳотам 700 сомонӣ фиристодаму тариқи телефон адресро равон намуда, гуфтам, ки бегоҳи рўзи шанбе ўро интизорам. Ман аз Шарафнисо пул фиристоданамро пинҳон медоштам…
Самираи фиребхўрда