Кӯдаке, ки дар ҳафтаи 35-уми ҳомиладорӣ тавалуд шудааст, зинда мемонад ё не?
Дар миёни мардум чунин сухан ҳаст, ки кӯдаки 7-моҳа зинда мемонаду аз 8-моҳагӣ 1 рӯз гирад зинда намемонад.
Аз нигоҳи тиббӣ ин сухан исбот нашудааст ва то ҳол маълум нест, ки чаро кудакони 32-36 ҳафтаина зинда намемонад. Ҳарчанд кудак дар ин давра комилан пурра инкишоф ёфтаасту ба ҳайёт гузарондан омодааст, аммо сиситемаи имунии ӯ заиф аст ва неметавонад ба ҳавои озод муқовимат кунад. Аз хатри хурдакак зиндагияшро аз даст медиҳад.
Дар ин ҳафта агар кудак тавалуд шавад, озодона нафас кашида наметавонад. Ӯро зери дастгоҳи нафаскашӣ мегузоранд. Инчунин ҷигарашон ҳам комил фаъолият намекунад. Ҳал кардани хурок ҳам барояш душвор аст. Онро бо қатрадорӯ мехуронанд.
Мағзи сари кудаки 35 ҳафтаина 2/3 мағзи сари кудаки комилро ташкил медиҳад. Торҳои асаби чашмони навзод пурра фаъол аст ва мушакҳои чашмонаш ҳам барои ҳимояи он тайёр аст.
Агар атроф ба кудак нафораду ғаш кунад маънои онро дорад, ки ӯ муҳитро ҳис мекунад ва қувваи ибрози ақидаи худро дорад. Ин маънои онро дорад, ки навзод барои зинда мондан шанс дорад. Гиря кардан бисёр муҳим аст.
Дар ин муддат навзодон 80-90% рӯзашонро бо хоб мегузаронанд. Ин барои қувва гирифтанашон кумак мекунад. Дар вақти хоб гавҳари чашмонаш зуд-зуд меҷунбад.
Кудакони норасид тавалудшударо дар қуттии махсуси барои нигоҳдории чунин кудакон нигаҳбонӣ мекунанд. Он дар шуъбаи эҳёст. Ин қуттӣ гарм ва аз инфексия орӣ аст. Чунин қутти овозро ҳам намегузаронад. Аз сабаби он, ки мағзи сари кудак пурра инкишоф наёфтааст, овозҳои бегонаро таҳамул карда наметавонад. Модар чунин тифлакро маконда наметавонад. Чунки кудак қувваи макидан надорад ва меъдааш ҳам ширри синаро ҳал намекунад.
Барои барвақт тавалуд нашудани кудак модар ва атрафониён бояд масъул бошанд. Ҳайёти солими кудак ба таъби болидаву хороки дуруст вобастагии сахт дорад.