Фориғболии волидон дар тарбияи фарзанд боиси он мегардад, ки кӯдакону наврасон бе назорат монда, рӯзҳои дароз бо оворагардӣ ва дигар корҳои ношоям машғул шаванд. Мағз ҳамин беназоратӣ насли наврасро ба роҳи хато бурда, оқибат ба курсии ҷинояткорӣ менишонад...
Ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои пойтахт як марди 32-солаи сокини ноҳияи Ҳисор муроҷиат намуда, аз гум шудани мошинаш шиква намуд. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврии ҷустуҷӯӣ маълум гашт, ки автомашинаи тамғаи«Хендай-старекс»-и ин марди ҳисориро тахминан соатҳои 22.30-и шаб ду бачаи 15-16 сола рабудаанд. Наврасони мошиндузд ба зудӣ ба чанг афтоданд.
Мошини дуздидашуда ба соҳибаш баргардонида шуд, алайҳи бачаҳои мошиндузд бошад, парвандаи ҷиноӣ оғоз гашта, тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.