arzon replenishment
НАВРАСИ 15-СОЛАРО ГУРУҲӢ ЛАТУ КӮБ КАРДА КУШТАНД
2750

Безургонамон беҳуда нафармудаанд:
Сухан талху ширину гарм асту сард,
Сухан заҳру позаҳру дармону дард.

Сухан қудрати азиме дорад. Одамизод қодир аст, ки бо сухани ширин ҳатто шеру паланг ва мору аждарро ба худ ром созад, вале як сухани ноҷо, як ҳарфи беандеша, як гапи дағалу дурушт касро ба балои азим гирифтор карда метавонад.

 Далели равшани ин гуфтаҳо ҳодисаи кушторе, ки чанд рӯз қабл рухдода аст, ки дар ҳолати муноқиша боиси марги як нафар гаштааст.

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 59-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 24-уми июли соли 2021, тахминан соати 12:30-дақиқа шахсони номаълум набераи ноболиғи 15-солаашро ҳангоми дар маҳаллаи 64-уми ҳамин ноҳия қарор доштанаш бе ягон асос лату кӯб намудаанд.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷарохати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғони 13, 14 ва 15-солаи сокинони пойтахт бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуданд.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, санаи 23-юми июли соли 2021, тахминан соати 19:00 дар ҳудуди заминҳои хоҷиагии деҳқонии «Меҳр», воқеъ дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи мазкур бо ҷавони 25-солаи сокини шаҳраки Бӯстони ҳамин ноҳия ҷангу ҷанҷол намуда бо панҷшоха 1-маротиба ба қафаси синаи ҷабрдида задааст.
Мувофиқи хулосаи ТСТ ҷароҳати бардошта номбурда зарари вазнин ба саломатӣ мансуб мебошад.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД