Arzon march 2024
Навмед машав, Паймона!
1204

Чанде пеш дар сомонаи Oila.tj номаи Паймона ном духтараки маъюбро аз шаҳри Ваҳдат хонда будам.

Паймона 20-сола буда, ҳанӯз аз синни 10-12 солагӣ аз пой монда будааст. Вай навишта буд, ки аввалҳо волидонам нисбати ман меҳрубон буданд, ҳамеша маро дилбардорӣ мекарданд, ки зиқ нашав, бо мадади Худованд ҳамааш хуб шуда, рӯзе шифо меёбию роҳгардон мешавӣ, аммо шояд солиёни зиёд фарзанди маъюбро нигоҳубин кардан ба дилашон задааст, ки акнун ошкоро дар рӯям "кошкӣ аслан таваллуд намешудӣ" мегӯянд.

Паймона чунон аз зиндагӣ дилсарду навмед гашта буд, ки мехост ба хонаи маъюбон равад, тодигар падару модарашро азоб надиҳад. Номаи ин духтараки маъюб дили маро ба дард овард, аз ҳамин сабаб мехоҳам бо воситаи сомона ба Паймона бигӯям:

Хоҳари азиз! Модари ман ҳам дар вақташ ҳамин азобҳоеро, ки шумо кашида истодаед, аз сар гузаронидааст. Модарам нақл мекунанд, ки хурд-кӯдак будем, як бегоҳ намози шом аз хокистартӯда гузаштам ва бо ҳамин рӯзи дигар худ аз худ пойҳоям аз кор монданду дигар роҳ гашта натавонистам. Падару модарам муллоҳои зиёдеро оварда, маро дуохонӣ карданд, ҷинбарор карданд, вале фоида намекард. Шабҳоро бо гиря саҳар мекардаму рӯзҳоро бо оби дида ба шом мерасонидам, ки барои чи ҳамаи ҳамсолонам шӯхию бозӣ карда мегарданду ман худ аз худ аз пойи равон мондам. Падару модарам ҳолу аҳволи маро дида ҷигархун мешуданд, вале умедашонро аз даст надода, ҳамин ки овозаи ягон домуллои зӯрро шуниданд, дарҳол ба ҷустуҷӯяш сар мекарданд. Ниҳоят пас аз чандин соли аз пойи равон мондани ман онҳо муллои номдореро ёфта оварданд, ки ба қавли падарам пушташ бисёр тоза будааст. Пас аз дуохонии ҳамон мулло бо мадади худои меҳрубон ман оҳиста-оҳиста роҳгардон шудам, мегуфтанд модарам.

Албатта шифодиҳанда Худованд аст, вале ман ба хоҳари азизам Паймона маслиҳат медиҳам, ки аз зиндагӣ ноумед нашуда, ҳам дар назди табибон табобат бигиранд ва ҳам дуохонӣ кунанд. Боварӣ дорам, ки худованд меҳрубон албатта ба дарди ин хоҳар шифо мебахшад.

Некдил

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД