Чеҳраи ин ҷавони ҳунарманд барои бисёриҳо ошност. Ошиқони театр васинамо ӯро тавассути филмҳои ҳунарии “12-соли интизорӣ”, ”Хушдоманҳо”,”Хаёлихунин”,”Гиёҳисеҳрнок”,”Маска”, “Муфаттиш” ва “Бозиитақдир” хубмешиносанд. Дирӯз ин ҳунарманди ҷавон ва хеле сартакопӯй 35-сола шуд.
Аз ҳамин хотир,мобо Насриддин Асадуллоев дар бораи пайроҳаи эҷодӣ ва сирру асрори зиндагиаш сӯҳбати ҷолибе оростем, кифишурдааш манзури хонандагони азиз мегардад.
-Насриддин, дар оғозкаме дар бораи худатон маълумот медодед?
-Ман Насриддин Асадуллоев 25-уми феврали соли 1986 дар деҳаи Шоҳонишаҳри Ҳисор дар оилаи омӯзгор ба дунёо мадаам. Пас аз хатми мактаби миёна, соли 2003 ҳуҷҷатҳоямро ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба шӯъбаи актёри драмма ва кинои факултети театри бадеӣ супоридам. Пас аз хатми донишкада аз соли 2007 инҷониб дар Театри давлатии академӣ- драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият дорам...
-Манзури ман тамоман чизи дигар буд. Мехостам донам, ки чӣ ва ё кӣ шуморо ба ҷодаи санъат овард?
-Тағо надорам. Росташро гӯям, маро дарди камбағалӣ актёр кард. Аслан падарам мехостанд, ки ба факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллӣ дохил шавам, аммо ҳамонсолҳо вазъи иқтисодиамон чандон хуб набуд ва имкони пардохти маблағи шартномаро надоштем. Ҳайрон будам, ки чӣ кор кунам. Як ҷавони ҳамдеҳаам, ки худаш ҳам бачаи камбағал буд, пешниҳод кард, кибиё, ба Донишкадаи санъат равем. Ҳарчӣ бодо бод гуфта, ҳамроҳаш омадам ва ҳуҷҷатҳоямро супурдам. Ҳамин тавр,тақдири ман бо театр ва синамо пайваст.
-Аз он ки актёр шудед, пушаймон нестед?
-Баръакс, аз ҳамон бачаи ҳамдеҳаам ва аз тақдир сипосгузорам, ки маро ба ҷодаи санъат овард.
-Насриддин, то ҷое, ки мо медонем, ҳунармандон чандон маоши зиёд намегиранд ва ягон манбаи даромад ҳам надоранд, вале шумо мегӯед аз тақдир сипосгузорам, ки ҳаёти маро бо санъат пайваст...
-Медонед, пул албатта дар зиндагии инсон нақши хеле муҳимро мебозад, вале чизҳое ҳастанд, ки бо пул онҳоро харида намешавад. Туфайли театр ва синамо мардум маро шинохтанд. Имрӯз одамони тамоман бегона дар кӯча ба ман салом медиҳанд, мисли дӯсти наздик гарм аҳволпурсӣ мекунанд, дар бораи нақшҳои дар синамо ва театр бозидаам, ҳарф мезананд. Дигаронро намедонам, вале шахсан барои ман ин давлати бузургаст. Ганҷинаи дигаре, ки санъат ба мандод, ин панди устодон мебошад. Туфайли театр ман, як ҷавони оддии деҳотӣ бо Ато Муҳаммадҷонов, Нурулло Абдуллоев, Носир Ҳасанов ва Шералӣ Абдулқайсов барин устодони санъати театрӣ ҳамнишин гаштам ва аз онҳо натанҳо сабақи ҳунар, балки сабақи зиндагӣ низ омӯхтам. Ҳар кадоми ин абармардони саҳна худ як мактаб буданд ва пандҳои ин устодони бузургро ман дар гӯшам ҳалқа карда, дар ҳаётиҳаррӯзаи худ истифода мебарам.
-Аввалин нақше, дар театр бозидед, дар кадом намоишнома буд?
-Якумин нақше, ки ман дар рӯйи саҳнаи театр иҷро кардам, дар як намоиши кӯдакона буд, ки ”Мурғиҳумо” ном дошт. Ман дар он ҷонақши як бачаи хулиганро иҷро мекардам, ки Алимардон ном дошт.
-Бароятон бозидани нақшҳои манфӣ осонтар аст ё нақши мусбат?
-Фарқ надорад, ки нақш мусбат аст ё манфӣ, ҳунарманд бояд ба пӯсти қаҳрамони худ ворид шавад ва чунон табиӣ бозӣ кунад, ки тамошобинонро ҳамчун як ҳақиқати ҳаёт қабул карда, баробари ҳамон қаҳрамон бигиряд ё бихандад. Барои ин “профессиал” будан лозим аст, яъне ҳунарманди асил.
-Шахсан барои шумо барои ба пӯсти қаҳрамон дохилшудан чӣ қадар вақт лозим аст?
-Ин аз сенария вобастагӣ дорад. Барои ба пӯсти қаҳрамон дохил шудан, ман бояд ғалаёни тӯфонҳои ботинии ӯро дар ҷисму ҷони худ эҳсос кунам, дарду доғашро хаёлан аз саргузаронам ва омода шавам.
-Кӯшиш накардед, ки худатон ягон намоишномаро ба саҳнагузоред?
-Дар ин самт ҳам каме таҷрибадорем. Ҳамроҳи дигар ҷавонони театр баъзе намоишномаҳоро ба саҳнагузошта будем.
-Агар актёр намешудед, имрӯз Насриддин Асадуллоев кӣ буд?
-Шояд дузди бозор! (Механдад) Ростӣ, дар ин бора ягон бор ҳатто фикр ҳам накардаам. Кори дигар наёбам, эҳтимол ба мисли дигар ҷавонмардони тоҷик ба Русия мардикорӣ мерафтам.
-Шудааст ҳолате, ки тарки театр кардан мехостед?
-Зиндагӣ душвориҳои худро дорад ва баъзан иродаи инсонро мешиканад, вале боз меҳри санъат маро дар театр нигоҳ медошт.
-Шумораи тамошобинон имрӯз дар театри тоҷик хеле кам аст. Шумо ҳамчун як ҳунарманди ҷавон сабаби инро дар чӣ мебинед?
-Аввалан душвориҳои иқтисодӣ. Нархунаво дар бозор торафт боло рафта, мардум зиндагии худро ба қавле базӯр сар ба сар мекунанд ва имконияти ба театр рафтан надоранд. Сабаби дуюмаш мушкилоти худи театр аст. Имрӯз ба мо пардозгарҳо, ороишгарони либоси саҳнавӣ, коргардонҳо, рассомон, оҳангсозон ва драмматургони асил намерасад. Албатта ҳастанд устодони кори худ, вале хеле кам, ангуштшуморанд. Фикр мекунам, ки агар ин мушкилиҳо паси саршаванд, театри тоҷик боз рушд мекунад.
-Ба ғайр аз актёрӣ боз чӣ ҳунар доред?
-Ош пази моҳир ҳастам ва бе таъриф хӯрокҳои бисёр бомазза мепазам. Дар Ҳисор боғҳои калон дорем ва баъзан дар рӯзҳои истироҳат ба боғбонӣ машғул мешавам.
-Азизтарин шахс барои Насриддин кист?
-Падару модарам. Вақте ки ба пойи фарзанд хоре мехалад, дили волидон ба дард меояд. Дар дунё барои ҳар як инсон аз падару модар дида, шахси наздиктар ва меҳрубонтар нест. Падару модар ду ганҷи бебаҳоянд, барои ҳамин ба қадри волидон расида, онҳоро тоҷи сар кардан лозим, то баъд пушаймон нашавӣ.
-Оила ва зану фарзанд чӣ?
-Фарзандонам аз хуни ман ҳастанд, чӣ хел онҳоро дӯст надорам?! Албатта зану бачаҳоямро низ дӯст медорам, вале ҷойи падару модарам дар дили ман дигар аст.
-Шиори Насриддин Асадуллоев дар зиндагӣ?
-Маёзор муре, ки донакаш аст,
Кӣ ҷондораду ҷони ширинаш хуш аст.
-Шудааст ҳолатҳое, ки барои ягон нақши офаридаатон дар кӯча шуморо дашном дода бошанд ё боягон сухани ноҷо дилатонро озурда бошанд?
-Хушбахтона, то ба имрӯз аз забони мардум фақат таъриф шунидааму танқид ва дашному ҳақорат не, барои ҳамин театр васинамро дӯстмедорам, ки маро маҳбуби халқ гардонд.
-Ҳамеша чунин маҳбуб ва муваффақ бошед!