Бегумон, он чӣ ки инсонро инсон месозад ва миллатро аз нобудӣ нигаҳ медорад, ахлоқи нек аст, вақте ахлоқи наку аз байн биравад, одамият низ аз миён хоҳад рафт.
Аз ҳамин хотир бузургони мо дар ҳама давру замонҳо ҷавононро бо панду насиҳат ба хушахлоқӣ ва рафтору гуфтору кирдори нек даъват менамуданд.
Аз ҷумла Лукмони ҳаким фарзандашрпо насиҳаткунон мефармояд: «Эй фарзанди азизам! Намозро бихон ва ба кори нек дастур бидеҳ ва аз кори бад наҳй (манъ) кун ва дар бораи мусибате, ки бар ту мерасад, шикебо бош. Инҳо аз корҳо (-и асоси ва муҳимме) аст, ки бояд бар он азмро ҷазм кард ва бо такаббуру беэътиноӣ аз мардум рў магардон ва мағрурона бар замин роҳ марав, зеро Худованд ҳеҷ мутакаббири мағруреро дўст намедорад. Ва дар роҳ рафтан эътидолро риоя кун ва (дар сухан гуфтан) аз садои худ бикоҳ (фарёд мазан) ва зишттарин садо ин садои харҳост».