Sebiston new 2024 october
Нақшаи қабул ба ДДФСТ 35% иҷро шуд, вале...
1022

“Ду соли охир донишҷӯён ба Донишкадаи фарҳанг ва санъат камтар дохил мешаванд. Ба хотири ҳалли ин масъала имсол мо ҳанӯз аз моҳи феврал устодони Донишкадаро барои ҷалби доватабон ба шаҳру ноҳияҳои кишварамон фиристода будем, вале мувофиқи натиҷаҳое, ки аз Маркази миллии тестӣ ба дастамон расидааст, дар даври аввали қабул ҳамагӣ 35%-и довталабон ба ихтисосҳои Донишкадаи мо дохил шудаанду халос... “ Ин нуктаро Муҳриддин Низомӣ, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода имрӯз зимни нишасти хабарӣ баён намуд.

Ӯ гуфт, албатта ин нишондод қонеъкунанда нест.

"Вале то ҷое, ки медонем, то 15 август даври такрории бақайдгирии довталабон баргузор мегардад. Ба ғайр аз ин, дар моҳи сентябр гузаронидани имтиҳони такрорӣ дар назар аст. Довталабоне, ки аз имтиҳоноти маркази тестӣ нагузаштаанд ё бо сабабҳои узрнок натавонистаанд ҳуҷҷатҳои худро сари вақт пешниҳод намоянд, имрӯзҳо ба мо муроҷиат карда истодаанд. Мо ба онҳо маслиҳат додем, ки дар имтиҳони такрорӣ ширкат варзанд. Умед дорем, ки ба ҳамин васила вазъият беҳтар шуда, нақшаи қабул иҷро мешавад. Донишкада мустақилона танҳо шахсонеро қабул мекунад, ки баъди хатми коллеҷи мусиқӣ ё мактабҳои олӣ барои гирифтани маълумоти дуюм ба мо муроҷиат менамоянд”, - гуфт Низомӣ.

Муҳриддин Низомӣ омилҳои камшавии таваҷҷӯҳи насли ҷавонро ба фарҳанг ва санъат шарҳ дода, афзуд, гуфта наметавонад, ки ҷавонон умуман ба фарҳанг ва санъат шавқу завқ надоранд. Доранд, вале солҳои охир таваҷҷӯҳи насли ҷавон ба ин соҳа нисбаташ камтар шуда истодааст.

"Як сабабаш дар он аст, ки ҳавасмандӣ камтар аст. Вақте донишҷӯён донишкадаи моро хатм мекунанд, аксарияташон ба зодгоҳашон баргаштан намехоҳанд, чунки дар муассисаҳои фарҳангии баъзе ноҳияҳо аллакай ҷойҳо банд ҳастанд ва пайдо кардани кор барои муттахассиси ҷавон нисбатан душвор аст. Сабаби дигараш ниҳоят кам будани музди меҳнат дар соҳаи фарҳанг ва санъат мебошад. Масалан, ҷавоне, ки донишкадаи моро бо ихтисоси китобхоначӣ хатм мекунад, вақте ба кор медарояд, ҳамагӣ 700-800 сомонӣ маош мегирад. Албатта, ин маблағ барои пеш бурдани зиндагӣ кофӣ нест ва ба ҳавасмандии ҷавонон бетаъсир намемонад. Дар нишасти хабарӣ вазири фарҳанг гуфта буданд, ки барои беҳтар кардани вазъи соҳаи фарҳангу ҳунар бо мактуб ба ҳукумати кишвар муроҷиат кардаанд. Умед дорем, ки ин масъала ҳалли худро меёбад", - гуфт ректор.

Ректори Донишкадаи фарҳанг ва санъат аз дастоварду комёбиҳои донишкада сухан карда, аз ҷумла гуфт, дар озмуни ҷумҳуриявии корҳои илмӣ-тадқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ” донишҷӯёни донишкадаашон Мазабшоева Певистамо, сазовори ҷойи якум, Каримова Қурбонбегим сазовори ҷойи дуюм ва Давлатов Саҳобиддин сазовори ҷойи сеюм гаштанд.

"Дар даври ноҳиявии озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ” дар наминатсияи “Назму наср” (назм) донишҷӯёни донишкада Шарипова Мавҷуда, сазовори ҷойи аввал ва Самадзода Шукрона сазовори ҷойи сеюм гашта, устоди донишкада Ғафурова Сайёра дар наминатсияи “Адабиёти ҷаҳон” сазовори ҷойи дуюм гашт. Донишҷӯёни донишкада дар дигар озмун ва викторинаҳо низ ҷойҳои намоён ва ифтихориро ишғол намудаанд", - гуфт Муҳриддин Низомӣ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД