Қабули довталабон ба барои соли таҳсили 2023-2024 1410 нафар пешбинӣ шудааст, ки аз он 733 нафар, ки 52 фисадро ташкил медиҳад, тибқи Маркази миллии тестӣ ба донишгоҳ дохил шудаанд.
Назарзода Хайруло, Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ҳисоботи нимсола дар ин бора хабар дод.
Дар донишгоҳ 43 шаҳрвандони хориҷӣ-Афғонистон ва Ӯзбекистон таҳсил мекунанд. Аз он ки вазъи имрӯзаи кишвари ҳамсоя ба ҳамагон маълум аст, ҳамчун имтиёз шартномаи донишҷӯёни афғон, ки корти гурезагӣ доранд, ба андозаи донишҷӯёни тоҷик аст ва бо хобгоҳ низ таъмин ҳастанд.
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо донишгоҳҳои хориҷӣ, ба монанд, Кореяи Ҷанубӣ, Амрико, Италия, Руминия, Лаҳистон табодули академиро ба роҳ мондааст, ки ҳар сол 4 донишҷӯ аз ҳисоби донишгоҳ ҷӯён фиристода мешавад. Солона маблағи таҳсили онҳо 10 ҳазор долларро ташкил медиҳад, вале онҳо ройгон таҳсил мекунанд.
Донишгоҳ барои нафароне, ки мехоҳанд маълумотии дуюм гиранд, то 20 декабр соли 2023 барои дохил шудан ба Донишгоҳ ҳуҷҷатҳоро қабул мекунад.
Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 12 кафедраи тахассусӣ ва 5 кафедраи умумидонишгоҳӣ фаълият мекунад, ки ба таҳсили донишҷӯён дар шӯъбаи рӯзона ва фосилавӣ ба роҳ монда шудааст.