Arzon march 2024
Нархи талоқ қиммат шуд
686

Парлумони кишвар ба Қонун "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» тағйирот ворид- кард, ки ба коҳиши талоқ рабт дорад.

Тибқи ин тағйирот вакилон арзиши боҷро зиёд карданд, то шумораи талоқ коҳиш ёбад.

Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон, дар шарҳи ин тағйирот гуфтааст, ки бекор кардани ақди никоҳ дар ду-се соли охир рӯ ба афзоиш ниҳодаст ва дар пайи ҷудошавии оилаҳо шумораи зиёди кӯдакони ноболиғ аз тарбия маҳрум шудаанд.

"Бо мақсади то андозае коҳиш додани бекоршавии ақди никоҳ бо ҳалномаи суд ва дар асоси аризаи муштараки ҳамсарон андозаи боҷи давлатӣ аз як ва якунимкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо мувофиқан ба ҳафт ва панҷкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд карда шуд", - гуфт ӯ.

Бояд гуфт, ки як нишондиҳанда барои ҳисобҳо айни ҳол 68 сомониро ташкил медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД