Дилбар Дадобаева як нафар корбари фаъоли фейсбук оиди нархномаи озуқаворӣ дар саҳифаи фейсбукии сомонаи Оила аз вилояти Суғд шиква намуда, чунин навиштааст: нархи орд аз 250 то 300 сомонӣ, картошка аз 8 то 15 сомонӣ, сабзӣ 2- сомонӣ, шакар 6-50 сомонӣ, қанд 7-50 сомонӣ, гӯшти лаҳм 63- сомонӣ, равған 55 то 60 сомонӣ, помидор 15-сомонӣ, бодиринг 8- сомонӣ, ва биринҷ аз 12 то 15- сомонӣ мебошад.
Далер Ибодуллозода низ дар пайи тадқиқи нархномаи озуқаворӣ аз бозорҳои шаҳри Бохтар дидан намуда, муаян намудааст, ки нархи картошка 7 сомонӣ, Раваған 5гк аз 58 то 64 сомонӣ, тухм аз 24 то 30 сомонӣ, гӯшт аз 50 то 63 сомонӣ, бодиринг, 7 сомонӣ, шакар, 7, 50 сомонӣ, помидор аз 16 то 20 сомонӣ, сабзӣ, аз 2 то 2,50 сомонӣ, пиёз аз 4 то 5 сомонӣ.
Рухшона Аъзамова низ аз бозори шаҳри Ҳисор ба мо иттиллоъ дод, ки нархи орд аз 225 то 280 сомонӣ, картошка 6,50 сомонӣ, пиёз 4 сомонӣ, шакар, 7 сомонӣ, қанд, 8 сомонӣ, гӯшт аз 55 то 65 сомонӣ, сабзӣ, 2,50 сомонӣ, биринҷ аз 10 то 18 сомонӣ, лимон, 1 кг 40сомонӣ, чиснок 1 кг 70сомонӣ, испанд аз 5 то 8 сомонӣ.
Ташбеҳшоҳ Додхудоева низ атрофи қиматии нарху наво аз бозорҳои Бахадшон чунин гуфт: Орд, 300 сомонӣ, равған, 67 сомонӣ, гӯшт, аз 55 то 63 сомонӣ, биринҷ, 17 сомонӣ, картошка, 8 сомонӣ, каду, 25 сомонӣ, гулкарам, 8 сомонӣ, чукри, 10 сомонӣ, сеалаф, 4сомонӣ, шакар, 7, 50 сомонӣ.
Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Картошка арзон мешавад
Давоми як ҳафтаи охир бар асари боло рафтани қурби доллар дар бозорҳои Душанбе ва атрофи он нархи маҳсулоти ниёзи аввал боло рафт. Мухбири сомонаи Оила Мирсаиди Сатториён оиди қиматии маводҳои хӯрока аз бозорҳои ш. Душанбе дидан намуда, аз болоравии нархи доллар ва таъсири он ба гароншавии нархҳо изҳори нигаронӣ кард. Нархи $100, ба 1026 сомониро ташкил медиҳад. Болоравии қурби асъор ва афзоиши коронавирус дар ҷаҳон ва ваҳми мардум аз он дар Тоҷикистон нархи маҳсулоти хӯрока майли болоравӣ дорад.
Ҳамин тавр, нархи 1 кило картошка, ки ду ҳафта пеш 3,80 сомониро ташкил медод ҳоло ба 7,40 сомонӣ ва нархи 1 кило пиёз аз 2,50 сомонӣ то 4,50 сомонӣ боло рафтааст.
Савдогарон мегӯянд, ки афзоиши нарх ба фурӯшандагон вобаста нест. Деҳконону ширкатҳо нархҳоро бардоштанд. Ба гуфтаи тоҷирони бозор имкон дорад, ки нархҳо боз гаронтар шаванд.
“Ҳозир ширкатҳо ба мо як қисми борҳои дар захира доштаашонро фурӯхтанд. Агар ба ин қарибӣ роҳҳо кушода нашаванду онҳо аз Русия бори нав ворид карда натавонанд, пас, маҷбур мешаванд, нархи захираи боқимондаи худро боз гаронтар карда, ба мо диҳанд. Асосан, онҳо аз Русия макарон, равған, гречкаву дигар навъи масулоти ғизоӣ меоранд”, — гуфт яке аз фурӯшандаи бозори пойтахт.
Ҳоло сарҳад бо кишварҳои содиркунандаи маҳсулот ба Тоҷикистон бинобар хуруҷи коронавирус баста мебошад. Чанд рӯз баъд моҳи шарифи Рамазон наздик мешавад, мардум нигарон аз онанд, ки нархи маҳсулот боз боло меравад. Зеро дар мо анъана шудааст, ки дар ҳар иду маъракаҳо тоҷирон нархро ба боло бурда, мехоҳанд, ки фоидаи калон ба даст оранд. Яъне, барои онҳо масалаи “гӯр сӯзаду дег ҷӯшад” шиор шудааст.