Тавре ки қаблан иттилоъ додем, 12 март аз ҷониби Президенти кишвар ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 26 автобус тақдим гардид, ки аз ин шумора 5 адад ба шаҳри Хоруғ ва сетои дигар ба ноҳияҳо дастрас шуданд.
Чанд рӯз пеш дар хатсайрҳои ҳудуди шаҳр фаъолияти автобусҳо оғоз карда шуд. Дирӯз бошад, автобусҳои ноҳияҳои вилоят низ ба хатсайр баромаданд, ки ин барои рафту омади сокинони ноҳияҳо ба шаҳри Хоруғ имконияти зиёд фароҳам овард, зеро нархи роҳкирои автобусҳо назар ба автомобилҳои хизматрасонӣ 50 фоиз арзон мебошад.
Сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят акнун метавонанд аз шаҳри Хоруғ ба ноҳияи Дарвоз бо арзиши 67 сомонӣ (240 км), ноҳияи Ванҷ 47 сомонӣ (170 км), ноҳияи Рӯшон 15 сомонӣ (61 км), ноҳияи Ишкошим 29 сомонӣ (106 км), ноҳияи Шуғнон 2,50 сомонӣ (10 км) ва ноҳияи Роштқалъа 9 сомонӣ (43 км) сафар кунанд. Танҳо ба ноҳияи мурғоб ҳанӯз хатсайр кушода нашудааст.