sebiston july new
Тӯҳфаи наврӯзии Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Бадахшон
433

Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун туҳфа ба мардуми шарифи Бадахшон дар арафаи иди Наврӯз чанд автобуси замонавӣ фиристод...

26 автобуси мусофирбари замонавӣ ва ду мошини ёрии таъҷилӣ , ки номи президенти мамлакат ба сокинони Бадахшон тақдим шудааст, дар арафаи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ба шаҳри Хоруғ расид.

Дар маросими қабули туҳфаҳои наврӯзии сарвари давлат раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ ва дигар намояндагони расмӣ аз шаҳри Хоруғ иштирок намуданд.

“Раиси вилоят бо ин туҳфаи навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла автобусҳои мусофирбари замонавӣ, ду мошини ёрии таъҷилӣ, таҷҳизоти тақвият ва сабти овоз кулли сокинони вилоятро табрик намуд”, — иттилоъ додааст маркази матбуоти раиси ВМКБ. Аз автобусҳои тақдимшуда 5 адад ба шаҳри Хоруғ ва 3-тои ба ноҳияҳои дигари вилоят дода шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД