Дар синни 11-15-солагӣ ҷисми наврасонро тағйироти куллӣ интизор аст, ки бо давраи бабалоғатрасӣ алоқамандӣ дорад.
Яке аз зуҳуроти ногувори давраи наврасӣ пайдоиши нарак, чарб, нуқтачаҳои сиёҳи пӯст ва зуд-зуд ифлос шудани мӯйи сар аст. Ин натиҷаи аз ҳад зиёд фаъол будани ғадудҳои чарбӣ дар давраи балоғати ҷинсӣ аст. Аз ҳама зиёд дар мавзеи пӯсти рӯй, қафаси сина ва тахтапушт ғадудҳо дида мешавад, яъне маҳз пӯсти ҳамин мавзеъ бештар азият мебинад.
Нарак дар пӯсти духтарони 14-17-сола ва ҷавонони 16-19-сола дида мешавад, вале бештар дар пӯсти мардон зуҳур мекунад. Тавре табибон ба қайд гирифтаанд, шаклҳои вазнини наракҳои ҷавонӣ дар мардҳо ирсӣ мешавад. Масалан, агар падар ё модар, акаву хоҳар дар пӯсти рӯяшон нарак дошта бошанд, хурдсолони оила низ аз он бенасиб намемонанд.
Нараки зардобдор
Наракҳои ҷавонӣ дар ҳар наврас ба таври гуногун зуҳур мекунад. Наракҳои зардобдору бе зардобро ҳатман табобат кардан лозим аст. Табибон 3 намуди наракро ҷудо мекунанд.
- Шакли сабук, вақте дар пӯсти рӯй ҳамагӣ 10 дона нарак вуҷуд дорад.
- Шакли миёна – то 30 нарак.
- Аз 30 дона бештар будани нарак ва баъди он дар пӯсти рӯй пай мондани он нишонаи шакли вазнини нарак буданро дорад, ки табобати ҷиддиро талаб мекунад.
Хушбахтона, шаклҳои маъмули наракҳои ҷавонӣ, сабуку миёна мешаванд ва онро бо маҳлулҳои табобатӣ ва назорати табиби пӯст рафъ кардан мумкин аст. Нафароне, ки аз шакли вазнини нарак азият мекашанд, барои пешгирӣ намудани пайдошавии наракҳои нав дар хона бояд аз скраб, мушкоб ва маҳлулҳои нармкунанда истифода бубаранд.
Пӯсти ҳассос ва нарак
табобати нарак дар пӯсти ҳасос кори хеле душвор аст. Пӯсти ҳасос аз ҳама гуна таъсироти беруна сурху пӯстпарто ва хоришу сӯзиш пайдо мекунад. Дар ин ҳолат истифода бурдани маҳлулҳои муқаррарии зидди наракҳо ҳолати пӯстро бадтар меосзад. Табобати пӯсти ҳасосеро, ки дар он нарак пайдо мешавад, бояд табиби ботаҷриба ба роҳ монад.
Наракҳои наврасӣ ва бемориҳои даруна
Аксаран наракҳои ҷавонӣ нишонаи бемориҳои зерини соматикӣ буда метавонад: эндокринопатӣ, бемориҳои рӯдаву меъда, бемориҳои инфексионӣ ва ғайра. Баъд аз ташхис табиб бо назардошти нишондоди табибони дигар табобати дурустро ба роҳ мемонад.
Ба худтабобаткунӣ роҳ надиҳед
Худтабобаткунӣ дар шароити хона бо истифода аз воситаҳои мардумӣ ва маслиҳати атрофиён метавонад зараровар бошад, ҳам вақтро аз даст медиҳеду ҳам пӯстро осеб мерасонед. Наракҳои пӯстро бо ангушт зер кардан қатъият манъ аст! Ҳангоми зер кардани наракҳо бофтаҳои пӯст осеб ёфта, илтиҳоб то дергоҳ боқӣ мемонад.
Мутаассифона, наракҳои ҷавонӣ аз худ пай мемонанд, сӯрохиҳои пӯст васеъ шуда, доғу пай мемонад. Бо ангушт зер кардану бо сӯзан кофтани наракҳо, дер табобат кардан ё табобати нодуруст боиси он мегардад, ки пайҳои пайдошудаи баъд аз наракҳо тамоми умр дар пӯсти рӯй боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, нараки пӯстро дар оғози пайдошавияш табобат кунед.