arzon replenishment
Наполеони тобагӣ
28.08.2022
ОИЛА
970


Бонувони азиз! Мехҳед дар рӯзи истироҳат аҳли илаи худро бо ягон ширинии дилкаш шод гардонед? Мо ба шумо ёрӣ расонида, тарзи пухтани торти тобагиро манзуратон месозем.

                         Маҳсулоти лозима:
1 стакон шакар,

3-4 стакон орд, 

8 дона тухм,

2 қошуқ равғани маска,
1/2 қошуқча сода,  каме намак,

1000 мл шир, 1 қуттӣ равғани маска,
1 стакон шакар.

              Тарзи таҳия:
Тухму шакарро лат зада, ду қошуқ равғани мулоимшудаи маска, ним қошуқча сода ва каме намак илова намуда, бо миксер лат занед. Чор истакон орд надохта, хамир тайёр кунед. Баъди ним соат хамирро ба 15 зуволача тақсим кунед. Ҳар як зуволачаро тунук карда, дар тоба, дар оташи паст на зиёдтар аз 4 дақиқа пазед. Барои малҳам панҷ дона тухмро бо як стакон шакар лата зада, як литр шир илова кунеду ҷӯшонед. Ба малҳам як қуттӣ равғани маска андохта,бо миксер лат занед ва ба чаппотиҳои пухтаатон молида, болои ҳам чинед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД