Агар намозро қабл аз даромадани вақти намози дигар бихонӣ, қазо ҳисоб мешавад? Масалан, намози пешин соати 13:00 ва намоз аср соати 17:30 бошад, дар соати 15:00 ё 16:00 намози пешинро бигузорем, қазо ҳисобида мешавад?
Зафар, н. Вахш
Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ, Сардори РАёсати фавтои ҶТ
Соатҳое, ки дар ҷадвали вақтҳои намозҳои панҷгона нишон дода шудаанд, аввали вақти он намозро нишон медиҳанд, бинобар ин, то қабл аз даромадани вақти намози дигар гузоридани намози нахустин дуруст аст. Вале набояд дар гузоридани он бидуни зарурат таъхир кард.