"Мо масъулият дорем, ки мушкилоти норасоии йодро ҳал кунем, то ки ҳар як кӯдак аз бемориҳои пешгиришавандаи норасоии микроэлементҳо дар синни барвақтӣ ҳифз шавад. ЮНИСЕФ аз тамоми ҷонибҳои манфиатдор даъват мекунад, ки барои пешгирӣ аз норасоии йод бештар талош кунанд".
Ин нуқтаро Эри Двивед, муовини намояндаи Барномаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон дар як ҳамоише, ки бахшида ба қабули Эломияи ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон баргузор шуд, қайд намуд.
Тадқиқоти миллии вазъи йод дар Тоҷикистон, ки дар Душанбе муаррифӣ шуд, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо дастгирии техникии ЮНИСЕФ ва USAID гузаронида шуда, дар ин пажуҳиш вазъи кунунии йод миёни занону кӯдакони тоҷикро муайян намуда, барои беҳтар намудани дараҷаи йодкунонии намак дар мамлакат тавсияҳои муфид додаанд.
Тибқи омор ҳар як сеюмин оила ба намаки муқаррарии йоднокшуда дастрасӣ дорад. Истифодаи намаки йоднок ҳамчун кӯмаки иловагӣ барои табобати асосии шумораи зиёди бемориҳо, аз ҷумла ғадуди сипаршакл, захми меъда, фишшорбаландӣ, рушди мағзи сари кӯдакон ва мустаҳкам кардани хотира мусоидат мекунад.
Истеъмоли нокифояи йод дар кӯдакони то панҷсола ба рушди ақлонии онҳо таъсири манфӣ расонида, боиси вайрон шудани фаъолияти мағзи сар ва коҳиши қобилиятҳои дигари вобаста ба асаб мегардад, ки ба ояндаи кӯдак таъсир расонад.
Чаро йод ба занҳо муфид аст?
Намаки йоднок барои занон маҳсулоти муфид буда, дар беҳтар кардани фаъолияти узвҳои дохилӣ кумак мерасонад. Норасогии он занро ба хастагии доимӣ, хоболудӣ, рехтани мӯй, хушк шудани пӯст ва шикастани нохунхо дучор мегардонад. Барои бартараф кардани чунин ҳолатҳо духтурон тавсия медиҳанд, ки ҳар рӯз намаки бо йод бойшуда, аммо дар доираи меъёр истеъмол намоянд, ки меъёри ҳар рӯзаи он 5-6 г дар як рӯз аст.
Ба мардон йод чӣ медиҳад?
Табибони рус барои мардон истеъмоли намаки йоддорро тавсия додаанд. Намаки йодноке, ки ба маҳсулот илова карда мешавад, ба нигоҳ доштани фаъолияти хуби ҷисмонӣ ва устувории мардон мусоидат мекунад. Микроэлементҳое, ки намаки йоддорро ташкил медиҳанд, барои пешгирии бемориҳои рӯҳӣ муфид буда, стрессро бартараф месозанд.
Йод ва ҳомиладорӣ
Истеъмоли намаки йоднок барои занони ҳомила низ зарур аст. Норасоии йод дар модари ҳомила метавонад ба саломатии зан дар оянда таъсири манфӣ расонад ва тамоми давраи ҳомиладорӣ бо нишонаҳои ногувор аз қабили асабоният, хастагии доимӣ, далзании аз меъёр зиёд гузарад. Оқибатҳои ҷиддитаре низ вуҷуд доранд, ки аз норасоии йод падид меояд. Ин хатари бачапартоӣ, таваллуди кӯдак бо норасогиҳои модарзодӣ, гунг, карӣ, сустии ақлӣ, бемориҳои асаб, таъхири инкишофи ҷисмонӣ мебошад.
Барои пешгирии ҳолатҳои ногувор бояд тамоми оила бо намаки йодноккардашуда таъмин шаванд ва аз он аз рӯи меъёр истеъмол намоянд.