goodwell
Нахустнамоиши «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ
10.07.2026
Oila.tj
67

Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон - «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, нахустнамоиши филм дар кинотеатри «Ватан» баргузор мешавад. Барои намоиши босифати он дар кинотеатр таҷҳизоти муосири техникӣ насб гардидааст.

Маҳмадсаид Шоҳиён гуфт, ки айни замон корҳои мусиқӣ, садогузорӣ ва бахше аз корҳои графикии филм дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд. Филм ҳамзамон бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ пешкаши тамошобинон хоҳад шуд.

Ба таъкиди директори МД «Тоҷикфилм», ин асар таҷрибаи муҳими муштараки ду кишвар дар самти офаридани филмҳои таърихӣ буда, оғози марҳилаи нави ҳамкориҳои эҷодӣ миёни синамогарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД