arzon replenishment
Нахустин бор Тоҷикистонро дар ин олимпиада муаррифӣ намуданд
1185

 

Хонандагони тоҷик дар “Олимпиадаи кушоди ҷаҳонии астрономия” (Open World Astronomy Olympiad “OWAO-2023”) дар миёни 14 давлати дунё пирӯзӣ ба даст оварданд.

Тавре Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо хабар дод, олимпиадаи мазкур рӯзҳои 14-22 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия аз фанни астрономия доир шуд, ки он намояндагони 14 кишварро ба ҳам овард.

Дар мусобиқаи зеҳнӣ 79 нафар аз Русия, Перу, Эрон, Беларус, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Венесуэла ва ҳафт кишвари дигар дар шакли ҳузурӣ ва фосилавӣ ширкат намуданд.

Бояд гуфт, ки “OWAO-2023” дар 4 давра: давраҳои мушоҳидавӣ, амалӣ, назариявӣ ва экспресс - тур баргузор гардид.

Аз Тоҷикистон 3 нафар аз “Литсей барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Душанбе иштирок намуда, сазовори 3 ҷойи ифтихорӣ: як ҷойи 2-юм, як ҷойи 3-юм ва як ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Ёдрас мешавем, ки ин маротибаи аввал аст, ки хонандагони тоҷик дар олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни астрономия Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД