Formula novemver 2024
НАХУСТ ИМКОНИЯТИ ПАРВОЗ БА КИҲО ДОДА МЕШАВАД?
3017

Шурӯъ аз 25 июни соли 2020 парвозҳои чартерии ду ширкати ҳавопаймо- “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” ба шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Қазон, Новосибирск ва Екатеринбурги Федератсияи Русия анҷом дода мешавад,-хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷӣ.

Ёдовар мегардад, ки парвозҳо ба хотири марҳила ба марҳила ба ватан баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон амалӣ мегарданд.
Қабл аз ҳама беморон, занон бо кӯдакони хурдсол, кӯҳансолон, донишҷӯён ва нафароне, ки бо мақсади сафари хизматӣ дар Русия дармонда буданд, ба кишвар баргардонда мешаванд.
Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав ва консулгариҳои генералии кишвар дар Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа комиссияҳои махсусро барои ба тартиб даровардани рӯйхати шаҳрвандон таъсис дод.
Шаҳрвандон метавонанд муроҷиати худро ба суроғаи электронии [email protected] бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва маълумоти лозима барои тамос ирсол намоянд.
Барои харидорӣ намудани чиптаҳо бо шаҳрвандон пешакӣ дар тамос мешаванд, - қайд мекунад ВКХ.

Ёдовар мешавем, ки нахустин шуда, Ширкати ҳавопаймоии “Сомон эйр” дар робита бо эълон шудани ҳолкати фавқуллодаи байналмилалӣ аз ҷониби Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар пайи паҳншавии сирояти коронавирус, ҳамзамон дар асоси супориши Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолии кишвар аз сирояти ин вирус қарор қабул намуда буд, ки дар моҳи феврали соли 2020 муваққатан иҷрои хатсайрҳоро дар самти Душанбе-Урумчи-Душанбе қатъ намояд.

Инчунин, директори Агентии авиатсияи гражданӣ Икром Субҳонзода бо пешниҳоди як барқияи фаврӣ ба ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоии маҳаллӣ ва хориҷӣ дастур дод, ки аз 20-уми марти соли 2020 парвозҳо ба Тоҷикистон муваққатан манъ карда шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД