Мутаассифона, дар ҷомеаи мо одамони худонотарсу бадбахтҳое пайдо мешаванд, ки аз дастнигарию мӯҳтоҷии одами бечора суйистифода бурда, бар манфиати худ онҳоро истифода мебаранд. Аз ҷумла, зани 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лучоби ноҳияи Варзоб моҳи январи соли 2019, ҳангоми дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе қарор доштанаш бо роҳи фиреб ба боварии зани 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор даромада, бо маслиҳати пешакӣ бо «Сара» ном зан, ӯро ба шаҳри Деҳлии Ҷумҳурии Ҳиндустон даъват намудааст,итиилоъ медиҳад ВУД.
Баъдан гумонбаршаванда аз ҳолати ба миён омадаи ҷабрдида, ки дар шаҳри бегона қарор дошт, ва бинобар надонистани забон истифода бурда дар давоми моҳи феврали соли 2019 то моҳи декабри соли 2020, дар манзили истиқоматии иҷоравии "Сара" ном зан, барои алоқаи ҷинсӣ намудан бо шаҳрвандони миллаташон гуногун пешкаш намуда, аз ин ҳисоб 10 ҳазор доллари амрикоӣ фоида ба даст оварда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 130 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ моҳи декабри соли 2018 ҳангоми дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе қарор доштанаш бо роҳи фиреб ба боварии зани 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чуянгарони шаҳри Ваҳдат даромада, бо маслиҳати пешакӣ бо «Сара» ном зан, ӯро ба шаҳри Деҳлии Ҷумҳурии Ҳиндустон даъват намудааст.
Баъдан гумонбаршаванда аз ҳолати ба миён омадаи ҷабрдида, ки дар шаҳри бегона қарор дошт ва бинобар надонистани забон истифода бурда дар давоми моҳи декабри соли 2018 то моҳи декабри соли 2020, дар манзили истиқоматии иҷоравии "Сара" ном зан, барои алоқаи ҷинсӣ намудан бо шаҳрвандони миллаташон гуногун пешкаш намуда, аз ин ҳисоб 3 ҳазор доллари амрикоӣ фоида ба даст оварда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 130 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.