arzon replenishment
Нафаси аҷал (ҚИСМИ 2)
1530

Марги хушдоман

Хушдоманаш бемор шуду аз олам гузашт, Мулиён ҳама маъракаҳоро сарубар шуд. Баъди додани соли хушдоманаш Сабза ҷангу ҷанҷолро сар кард, ў бо янгаашу апааш оташи ҷангро намекушт. Ҳошим ба дод омаду ба хоҳараш гуфт:

- Дафъ шав аз хона, рав ба падари фарзандонат гўй, ки ба онҳо хона харад!

Сабза бошад,- не, ман ҳам ба хонаи падару модарам ҳақ дорам, ҳақи маро ҷудо карда деҳ!- гўён, пояшро дар як мўза тиққонда, ба тамоми овоз дод мезад. Мӯлиёнро умуман писанд намекард, “ту ҷодугар, акаамро ҷоду кардаӣ” гуфта, таъна мекард.

Як рўз Мӯлиён акаву хоҳарро сари дастархон хонда, гуфт:

- Ҳошим, агар ту аз ману духтарчаамон умед дошта бошӣ, ҳамин ҳоло ин хонаро ба хоҳарат бахшида, аз ин ҷо мебароем!

Ва ҳамин тавр ҳам шуд, онҳо аз хонаи меҳнат карда, обод намудаашон танҳо сарулибоси худашону духтарчаи яксолаашонро гирифта, ба пойтахт омаданд. Аввал дар хонаи апаи калонии Мӯлиён, ки холӣ буд, зиндагӣ карданд, баъд ба Русия рафта, се соли дароз кор карданду соҳиби хонаи якҳуҷрадор дар маркази Душанбе шуданд. Дигар Мӯлиён шавҳарашро нагузошт ба ғарибӣ равад, онҳо дукаса дар Ватан заҳмат мекашиданд ва оқибат хонашонро сеҳуҷрагӣ карданд.

Писараку духтари нозанинашон қад мекашиданд ва аз чизе камбудӣ надоштанд.

- Ту бо як хоҳарат набояд душман бошӣ, ғайри ў кӣ дорӣ?,- гуфта, шавҳарашро бо хоҳараш оштӣ доронд, ба ў ҳам ёрӣ мерасонд, дар як сол як ду бор ба хонаи хушдоманаш рафта, нони худоӣ медод. Чӣ қадар зани меҳнативу заҳматкаш буд, Мӯлиён, ҳақу ҳамсоя, хешу табор ҳама дўсташ медоштанд. Аз деҳа касе корафтода шуда, ба шаҳр биёяд, хонаи Мӯлиён мерафт, зеро медонист, ки ў бо лабони пурхандаву дастархони пур пешвозаш мегирад. То ҷое метавонад, ёрӣ медиҳад.

Нафаси марг

Апааш Сафия аз Мӯлиён ҳамагӣ ду сол калон буд ва онҳо дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекарданд, ин қадар ба ҳам дўст буданд, ки ногуфтанӣ. Сафия аз хориҷи кишвар бор оварда мефурўхт. Сафия чун дид, ки Мӯлиён вақтҳои охир худро хаставу ранҷур эҳсос мекунад, ба ў гуфт:

- Апаҷон, ҳамин сари мошина шиштани бисёр одамро бемор мекунад. Биё, ба тиҷорат даст зан, осонтар аст, якҷо мебароӣ, ҳаво мехўрӣ…

Мулиён розӣ шуд ва корашон омад ҳам кард, ду сол хеле кор карданд, вале духтурҳо дар ҷисми Мӯлиён бемории дилро муайян карданд. Модарашон аз ҳамин беморӣ вафот карда буд ва авлоди модарияшон аксарият бемории дил доштанд. Мӯлиён ба саломатияш он қадар аҳмият намедод, ба хавотирии ҳамсару пайвандонаш мегуфт, “модарам дар ҳафтод аз олам гузашт, ман ҳоло сӣ соли дигар вақт дорам”. Аммо беморӣ кори худро кард…

Мӯлиён як сактаи дилро аз сар гузаронида бошад ҳам, боз аз пайи кору бори рўзгор буд, аммо сактаи баъдӣ ўро аз пой афтонд…

Писарам бо додари хурдии Мӯлиён рафиқ аст, ў хешу таборони онҳоро аз деҳа барои хабаргирӣ оварду ман ҳам ба аёдати Мӯлиён рафтам. Шаҳлову Шифо маро ба назди бемор роҳбаладӣ карданд, ба шуъбаи эҳёгарӣ даромадан манъ аст, аммо мо даромадем. Мӯлиёнчаи мо ба як олиҳаи ҳусн табдил ёфтаву ҳатто раҳми фариштаи маргро меовард. Нафаси сарди марг дар ин утоқ ҳукмрон буд, дар чанд дақиқаи онҷо буданам дар пардаи тираи ашк чӣ чизҳоеро, ки дидам…

Эҳ Худоҷон, чӣ қадар бандаҳои кўтаҳфикр дорӣ, хона мегўем, дар мегўем, либосу палос, ҷавоҳирот, ба якдигар кина меварзему бахиливу дилсиёҳӣ мекунем. Намедонем, ки ин ҳама пеши як лаҳзаи зиндагӣ мисли ҷав арзише надорад.

Аз ҷони набаромада умед гуфтаанд, кош Мӯлиёни меҳнатӣ дубора ба по хезад, болои сари фарзандонаш.

Биёед то зиндаву саломатем, ба қадри ҳам бирасем, азизон!

Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД