Arzon march 2024
Нафаси аҷал (ҚИСМИ 1)
1748

Ҳамин ҳоло аз беморхона баргаштам, дилам тангу хотиротам афсурда, чанд лаҳза вориди утоқе шудам, ки он ҷо нафаси сарди марг ҳукмрон буд. Шояд чашмони аҷал ҳам ба сурати зебои зани болои бистар хобида дўхта шуда буданд, шояд ў низ аз ин зебоӣ дил канда наметавонист, ҳеҷ намехост ин тани сапеди мармарӣ ҳайфи хоки сияҳ гардад?

Намедонам, аммо дили ман чун мўйи болои оташ месўхт, зеро ман Мӯлиёнро хуб мешинохтам, дар деҳа ҳамсоя будем, бо апаҳояш Шаҳлою Шифо дугонаҳои ҷонӣ, баъди шаҳрӣ шудан каме аз аҳволи ҳам бехабар мондем ва намедонистам, ки Мӯлиёни харобаки порсо ин қадар зани зебо шудааст. Бист сол боз ўро надида будам, аммо қиссаи зиндагияшро хуб медонистам…

Порсо

Чун падару модараш донандаи хуби адабиёти классикӣ буданд, ба духтари кенҷаашон Мӯлиён ном ниҳоданд, номи ҷўи машҳуре, ки Рўдакии бузургвор дар як шеъри машҳураш ҷойгузин кардааст.

Мӯлиён панҷ акаву чор апа дошт, дар хонадони обрўманду машҳури муаллими Асад кенҷадухтар буд. Модараш - корманди китобхонаи деҳа шаҳрӣ буд ва фарзандони ин хонавода мисли шаҳриҳо либос мепўшиданд. Аммо Мӯлиён баръакси апаву хоҳаронаш либоси миллӣ мепўшид, аз хурдӣ намоз мехонду рўза медошт, дар ҳавои гарми зодгоҳи мо ману апаҳояш дар синфи даҳ хонда, рўза намегирифтем, вале Мӯлиёнча рўза медошт. Ёд дорам, апааш Шифо ҳамеша ўро мазаммат мекард, ки “ту бо ин ҷуссаи харобакат мемурӣ аз гуруснагӣ”, вале модаркалони ман, ки хешу табор ва ҳамсояи онҳо буд, Шифоро ҷанг мекард, ки ба Мӯлиён кордор нашав. Баъдҳо мо бо шӯхӣ Мӯлиёнро порсобону мегуфтем.

Ҳамин тавр, Мӯлиён ба балоғат расид, лоғараки зардина, вале хеле дилкушоду бамеҳр буд. Аҳли хонадони онҳо ҳамагӣ хонда, соҳиби маълумоти олӣ мешуданд, аммо Мӯлиён дўзанда шуд. Дўзандаи машҳур, вале аз чӣ бошад, бахташ омад намекард, баъдҳо ба шаҳр ба хонаи апааш омаду ҳамин ҷо бо ҷавоне шинос шуда, бо ризоияти аҳли хонаводаашон хонадор шуд.

Рашки хоҳаршў

Мӯлиёнро ба як деҳаи дурдаст келин карда бурданд, шавҳараш Ҳошим як модари пир ва як апаи аз шавҳараш ҷудошуда дошт, ки бо ду фарзанд дар хонаи модар буд. Келини нав дар як муддати кўтоҳ дар деҳа бо ҳунармандиву хушзабонӣ ном баровард. Ҳошим зани ҳунармандашро, ки аз ў дида зиёдтар пул меёфту ҳамаро сарфи ободонии хона мекард, аз ҷонаш зиёдтар дўст медошт. Ҳошим дипломи муаллимӣ дошта бошад ҳам, як мошини куҳнаяк дошту кирокашӣ мекард. Мӯлиён бо ёрии фарзандони падару пули аз дузандагӣ ёфтааш барои шавҳараш мошини нав харид ва дукаса пул кор карда, хонаву дарро таъмир карданду ҷиҳозашро нав намуданд. Хушдоман бо садои келини меҳнатӣ лаббай мегуфту шукрона мекард, ки ба яккаписараш ҳамин гуна зани боақлу ҳушро насиб гардонидааст. Аммо Сабза сояи янгаро аз девор метарошид, ўро ҳамеша бад мекарду ғайбат мекард. Ў ба меҳру муҳаббати янгаашу акааш рашк мекард, Мӯлиён ин ҳамаро нодида мегирифт. Дилаш ба Сабзаи бадбахт месўхт, модараш ҳамеша таъкид мекард, ки нашаваду дили ҳамин бадбахтро ранҷонӣ. Мӯлиён пичингу эрод, ба хўрокаш пинҳонӣ намак андохтан, бонкаҳои маҳкам кардаашро шикастан, либосҳои шўстаашро хок пошидани хоҳаршўро нодида мегирифт, вале…

Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД