goodwell
Нафақаи кӯдакони ятим зиёд карда шуд
08.02.2022
Оила
1029

Дар Тоҷикистон нафақаи кӯдаконе, ки худованд онҳоро ҳам аз падару ҳам аз модар маҳрум гардонидааст, зиёд карда шуд. Акнун нафақаи миёнаи тифлакони ятим 232 сомониву 90 дирамро ташкил медиҳад. Ятимоне, ки аз яке аз волидонашон маҳрум шудаанд, 151 сомониву 75 дирам мегиранд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар Дилмурод Давлатзода хабар додааст.
Ба гуфтаи Давлатзода, дар Тоҷикистон ҳамагӣ 1 ҳазору 653 ятими кулл ба қайд гирифта шуда, шумори ятимоне, ки яке аз волидонашонро аз даст додаанд, ба 79 ҳазору 453 нафар мерасад.
Қаблан вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён дар нишасти матбуотӣаз афзоиши талоқ ва пошхӯрии оилаҳо изҳори нигаронӣ карда буд. Ба гуфти Ашӯриён танҳо дар соли 2021 дар Тоҷикистон 13 ҳазору 741 оила аз ҳам ҷудо шудаанд, ки бисёр ташвишовар мебошад. Вазир таъкид намуд, ки бар асари пошхӯрии оила ва бекор шудани ақди никоҳи волидонашон 14 ҳазору 814 кӯдак дар тарбияи падар ё модар монда, дар оилаҳои нопурра зиндагӣ мекунанд.
Мувофиқат накардани хислатҳои зану шавҳар, дахолати хусуру хушдоман, хоҳаршӯю додаршӯй, хушунату зӯроварӣ дар оила, хиёнат, бевафоӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, безурриётӣ ва дар маҷмӯъ ба зиндагии мустақилона омада набудани ҷавонон, хоса духтарон аз сабабҳои асосии афзоиши талоқ ва вайрншавии оилаҳо дар Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД