arzon replenishment
Надомат (қисми 2)
1605

 

Давомаш ... Аввалашро дар ин ҷо хонед.

Баъдан, Шерзод то ором гирифтани дилаш Шоҳинро муштборон кардааст. Телефонашро ҳам аз дасти Шоҳин гирифта, баромада рафтааст. Дар ғазаб шуда, ба ҳамсараш бо телефони Шоҳин занг зада, талоқи ӯро додааст. Бе шунидани суханҳои завҷааш... Баъди камтар ором шуданаш телефони ӯро то охир кофтааст. Паёмакҳои завҷааш ва Шоҳинро аз оғоз хондааст. Дидааст, ки чӣ хел Шоҳин дар ҳаққи Шерзод тӯҳматҳо карда, сари ҳамсари ӯро гиҷ кардааст. Одӣ карда гӯям, аз роҳ берун кардааст. Зани содааш лаққигӣ карда, ба гапҳои Шоҳин бовар кардааст. Шерзод дидааст, ки дар ин ҷо гунаҳкори асосӣ на завҷааш, балки Шоҳин аст, аз ҳамсарашро талоқ доданаш пушаймон шудааст. Лекин айби ҳамсараш ҳам аст. Охир, ӯ ба гапҳои Шоҳин бовар накарда, ба шавҳараш занг зада, ба масъала равшанӣ андохтанаш лозим буд.

- Меҳроҷ, бовар кун, ман аз ин қазия хабар надоштам. То ҳамин дараҷа инсон ҳам касиф мешавад. Тавба - тавба. Охир, Шерзод танҳо хостааст ӯро аз роҳи хато баргардонад, - ҳайратомез ба Меҳроҷ нигоҳ кард Хусрав.

- Эҳҳҳ, Хусравҷон, ту ҳоло дигар корҳои аблаҳонаи ин мардро намедонӣ. Агар кас шунавад, дар баданаш мурғак медамад.

- Ҳммм. Бовар кун! Баъдан чӣ шудааст? Оилаи Шерзод вайрон шудааст? Ҳа телефони Шоҳинро чӣ кор кардааст?

-Ҳозир, ҷӯраҷон, сабр кун ҳамаашро мегӯям. Шукр, ки Шерзод бо ҳамсараш баъди 4 сол созиш кардаанд, в - агарна кӯдаконаш ятим монда, дар дасти падар ё модари ӯгай монда, хору зор ба воя мерасиданд. Лекин дар байн завҷааш ҳам шавҳар кардааст, вале шавҳараш алкаш баромада, ба кӯдаконаш рӯз нишон надода, оқибат худаш ҳам рӯз надида, фавтидааст. Шерзод инро фаҳмида, аз нав ҳамсарашро ба никоҳаш даровардааст.

ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:

ҒАМЗАРО ГӮР ПАРТОФТ

- Ман чор панҷ сол мешавад, ки бо Шоҳин ҳамроҳ кор мекунам, аммо аз инҳо хабар надоштам. Муносибати дигаронро бо ӯ дида, ҳайрон мешудам. Дилам аз як тараф ба ҳолаш месӯхт, ки яккамахов аст. Фикр мекардам барои арӯсбоз буданаш ҳама ба ӯ рӯйи хуш намедиҳанд.

- Не, Хусравҷон, ҳоло ту аз як дарёи калон як заррашро шунидӣ.

- Э не? Боз чӣ корҳо кардааст?

- Ин Шоҳини чашмкабуди мегуфтаи мо, оилаи се зани фарзанддорро ҳам вайрон кардааст. Се оилаи хушбахти бадавлатро, ки кас аз диданаш ҳавас мекарду ҳасад мебурд. Намедонам бо онҳо чӣ тавр шинос шуда сӯҳбат кардааст. Шояд тавассути Фейсбук, Инстаграм ё ким чизи дигар... Хуллас, онҳоро фиреб карда, пулҳояшонро гирифтааст. Шавҳарҳояшон низ огоҳ шудаанд ва ҳар се занҳо аз шавҳарашон талоқ гирифтаанд. Охир, кадом мард хиёнати занашро мебахшад? Сабабгори ин гуна хиёнатҳо, ана, ҳамин мардҳои ба қавле бероҳа мешаванд, ки дар натиҷа як оила пош мехӯраду аз пушти он як ҷамъият ғамгин мешавад. Шавҳари яке аз занҳои фиребхӯрда он қадар завҷаашро латукӯб кардааст, ки қариб мурдааст. Аммо, ин Шоҳини мо аз об хушк баромадааст. Ҳама айбро ба ҳамон занҳо бор кардааст. Эээээ.... Қисса бисёр. Хусравҷон, ту худатро аз ин тоифаҳо дур гир. Онҳо мақсаду нияти нопок доранд, ки то иҷро нашавад, аз он даст намекашанд. Ин ба ту маслиҳати дӯстонаи ман, - гуфт Меҳроҷ ба китфи Хусрав тап-тап зада.

- Ҳоло ҳамин тавр гӯй. Э, сабил монад, ҳамин телефон ҳам як дарди сар шуд. Аз пушти ҳамин телефон ҳама ҳодисаю воқеа ...

Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД