Ман савдогар ҳастам, пештар аз Туркия, Чин ва дигар кишварҳои хориҷӣ бор меовардам, вале баъди саршавии пандемия корам нисбатан сусттар шуд. Ҳоло мисли пештара даромади калон нагирам ҳам, албатта аз савдо каму беш фоида мемонад, вале аҳли оилаам ба калон-калон хӯрдану пӯшидан одат кардаанд ва ду соли охир закот надода, тамоми маблағи ба даст меомадаро сарфи зану фарзандонам мекунам. Мегӯянд, ки закот надодан гуноҳ аст. Аз ҳамин хотир ба шумо муроҷиат кардам. Илтимос, дар бораи закот маълумот диҳед!
Алиҷон, савдогар аз бозори “Корвон”
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯш
Закот яке аз аркони Ислом буда дар бисёре аз оятҳои Қуръон бо намоз якҷо зикр шудааст. Закот барои чор намуд мол воҷиб мешавад, ки он пул, моли тиҷоратӣ, чорво ва ҳосилоти замин аст. Инчунин закот дар чизҳои қиматбаҳо монанди тилло ва нуқра ва он варақҳои пулие, ки дар ин рўзҳо истеъмол мешаванд, воҷиб аст. Илова бар ин, закот дар молҳое аз қабили матоъҳо, хўрокворӣ, нўшокӣ ба нияти тиҷорат ворид гардида, дар дўкону мағозаҳо ба фурўш монда шудаанд, воҷиб мегардад. Ба ҷуз инҳо закот дар он донагиҳо ва меваҳое, ки аз замин мерўяд, ҳамчунин дар чорво ба монанди шутур, гов, гўсфанду буз бо шартҳо ва равишҳои махсус, ки дар китобҳои фиқҳи исломӣ ҷамъоварӣ шудаанд, воҷиб аст.
Худованд мефармояд: «Ҳаргиз гумон набаранд касоне, ки ба он чи Худованд ба онҳо додааст, бахилӣ мекунанд, ин кор барояшон хуб аст. Балки ин кор барояшон хеле бад аст. Он чизеро, ки бахилӣ кардаанд, рўзи қиёмат дар гарданашон овезон карда мешавад» (Сураи «Оли Имрон», ояти 180).
Ҳазрати Паёмбар (с) низ фармуданд: «Ҳар киро, ки Худованд мол додааст ва ў закоти онро намедиҳад, дар рўзи қиёмат он ба сурати мори сиёҳ мешавад, ки ду то сиёҳӣ бар рўи чашмонаш дорад ва ўро дар ҳалқа мегирад ва ўро бо дандонаш мегазад ва мегўяд: «Ман моли туям, ман кони туям».
Худованди мутаол ҳамчунин мефармояд: «Ва касоне, ки тилло ва нуқраро ҷамъоварӣ мекунанд ва онро дар роҳи Худо сарф намекунанд, пас онҳоро башорати ба азоби дарднок деҳ. Рўзе, ки онро дар оташи дўзах гарм карда мешавад, пас бо он рўй, тан ва пўсташонро доғ мекунанд. Ин аст он чи барои худ ҷамъоварӣ карда будед, пас бичашед он чиро, ки ҷамъоварӣ мекардед» (Сураи «Тавба», ояти 34-35).
Аз Паёмбар (с) дар ҳадиси Бухорӣ ва муслим омадааст, ки фармудаанд: «Ҳеҷ тиллодору нуқрадоре нест, ки ҳаққи онро адо намекунад, магар ин ки дар рўзи қиёмат бароят лагандҳое аз оташ месозанд, ки аз оташи дўзах гармтар аст, пас бо он рўй, тан ва пўсташро доғ мекунанд. Ҳар бор, ки сард шуд, боз аз нав онро гарм мекунанд, дар рўзе, ки миқдораш баробари панҷоҳ ҳазор сол аст, то ин ки Худованд қазоватро дар байни мардум анҷом диҳад, пас чораи ўро мебинанд, ё ба дўзах меравад ё ба ҷаннат».
Савоби додани закот
Закот соҳиби худро аз гуноҳҳо пок месозад, ўро аз бахилию ҳарисӣ ва дигар ахлоқи паст ҳифз мекунад ва лоиқи ҳамҷавор будан ба Худованди мутаол дар ҷаннатулфирдавс мегардад. Худованд дар қазо навиштааст, ки бахил ҳаргиз ҳамҷавори ў намешавад. Дар адо намудани закот инсон аз бисёре аз азобҳои гуноҳ раҳо ёфта чандин мусибату балоҳо аз сараш дур мешаванд. Худованд мефармояд: «Ту аз амволи эшон садақа бигир, ки бо он эшонро тоҳиру пок месозӣ ва барои онҳо дуо намо. Ҳамоно ки дуои ту барояшон оромибахш аст ва Худованд шунаво ва доност» (Сураи «Тавба», ояти 103).
Дар баровардани закот мол покиза шуда он аз талафу нестӣ дар амон мемонад, ки ин ба сабаби омадани баракат дар амвол ва нумў кардани он аст. Дар «Саҳеҳ»-и Муслим омадааст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Ҳаргиз мол аз садақа кардан кам намешавад». Худованд низ мефармояд:
«Ва ҳар он чизеро, ки нафақа мекунед, пас Худованд онро бармегардонад. Ва ў беҳтарин ризқдиҳандагон аст» (Сураи «Сабаъ», ояти 39).
Яъне Худованд дар иваз аз он беҳтареро бармегардонад. Дар ҳадисе аз Паёмбар (с) ривоят шудааст, ки фармуданд: «Худованди таоло мегўяд: «Эй фарзанди Одам, молатро (барои Худо) бидеҳ, бароят медиҳанд. Худованди мутаол ғанӣ аст ва он чи дар назди Ўст, тамомшуданӣ нест, Ў каримест, ки бо фазлаш миннат мегузорад ва сипоспазирест, ки савоби нафақаро ҳам дар дунё ва ҳам дар охират чанд баробар медиҳад» (Табаронӣ).