Sebiston new 2024 october
НАБЕРААМРО ПАДАРАШ ДУЗИДА РУССИЯ БУРД, АММО МАҚОМОТ ЧОРА НАДИД! (қисми 2)
1426

ДАВОМАШ ...

Дар як соат 1500 бор “Аллоҳу Акбар” гӯй!

Аз рӯи гуфти духтарам шавҳараш ӯро баста, барои дар як соат 1000 - 1500 маротиба гуфтани калимаи “Аллоҳу Акбар” маҷбур мекардааст. Танҳо дар вақти шир додан ӯро озод мекардааст. Дар вақти ба кор рафтани Соҳибов Набиҷон духтарам ва набераамро дар як хона маҳкам карда, барои ба хоҷат рафтанаш як тағора, барои хӯрданаш хӯрока монда мерафтааст, ки ин ҳолат баъзан то 10 рӯз давом мекардааст.

Дар ин давра ман бо ҳамсарам ба хонаи падару модари Соҳибов Набиҷон чанд маротиба рафтам ва бо як илоҷ аз онҳо барои занг задан ба Соҳибов Набиҷон илтимос кардем. Ҳамсарам бо домодамон сӯҳбат кард. Дар суҳбат ӯ бо овози баланд: “Ман ҳаққи шири модарии духтаратонро додагиам, ман ӯро харидаам ва ман худам медонам бо ӯ ва фарзандам чӣ кор кунам. Дар пеши Аллоҳ духтаратонро гирифтагиам, ӯро куштан ё накуштан дар дасти ман аст ва ҳатто “Қуръон” низ ба ин иҷозат додааст” гуфту телефонро хомӯш кард.

Баъд аз ин гапҳо ман рақами телефони Соҳибов Набиҷонро гирифта, якчанд бор занг задам. Мехостам бо ӯ суҳбати падарона кунам, насиҳат созам, аммо ӯ бо дағалӣ гуфт : “Ман худам ақл дорам ва ба насиҳат кардан ниёз надорам. Агар духтаратон даркор бошад, омада гирифта баред”. Маҷбур шудам, ки ба ҷамоат муроҷиат кунам. Ҳамон вақт раиси ҷамоат Турсунов Мансурҷон буд. Ба ӯ ҳолати корро фаҳмондам ва ӯ ба муовинаш Собиров Мамадҷон супориш дод, ки рафта, ба вазъият равшанӣ андозад. Ба гуфти Собиров волидони домодам аз ҳолати кор ягон хабар надоранд ва ҳамааш хуб аст.

Моҳи май ё июни соли 2012 бо роҳи фиреб Соҳибов Набиҷон духтарамро бо писараш ба амбулаторияи маҳаллӣ равон карданд. Худаш аз пушти онҳо рафта, Соҳибов Ҳабибуллоҳ Набиҷоновичро бо худ гирифта, модарашро ба сабтгоҳ равон мекунад. Худаш бо истифода аз фурсат кӯдакро ба мошини бародараш шинонида, ба тарафи ноъмалум меравонад. Духтарам мефаҳмад, ки ба сабтгоҳ ӯро ҳеч кас даъват накардааст ва воҳимазада шуда, ба берун мебарояд, аммо мебинад, ки мошини шавҳараш истодааст, вале писараш ва шавҳараш дар наздикиҳо нестанд.

Аз бародари Набиҷон мепурсад, ки мошини ӯ дар куҷо аст. Бародаршӯяш Соҳибов Музаффар дағалона ҷавоб медиҳад, ки мошини ӯ нест ва намедонад дар куҷост. Духтарам саросема таксӣ мекобад, ки аз қафои онҳо равон шавад, аммо то ёфтани таксӣ мошини шавҳараш аз чашм гум мешавад. Баъд ба хонаи истиқоматиаш меравад, ки дар қулф аст. Ҳамин тавр, ӯ 3 - 4 рӯз дар кӯча саргардон шуда, онҳоро мекобад. Аз ноилоҷӣ боз ба ман занг мезанад.

Маҷбурсозии модар барои даст кашидан аз ҳуқуқи модарӣ

Ман боз ба ҷамоат муроҷиат кардам. Раиси ҷамоат нозири минтақавии мо - Ҳакимов Саъдиро даъват кард. Нозири минтақавӣ аз ШВКД - и ноҳияи Спитамен Фозилова Гулмира корманди - шӯъбаи кор бо ноболиғонро даъват кард. Бо ҳамроҳи онҳо ба хонаи истиқоматии падару модари Соҳибов Набиҷон рафтам. Дар сӯҳбат онҳо инкор карданд ва гуфтанд, ки писарашон, келинашон ва набераашон якҷоя зиндагӣ доранд. Фозилова Гулмира аз падару модари Соҳибов Набиҷон рақами телефонашро гирифта, ба ӯ занг зад ва ҳамсарашро пурсид, аммо Соҳибов Набиҷон бо ҳар гуна баҳонаҳо телефони мобилиро ба духтарам Ахмедова Гулноза надод. Ҳолати корро фаҳмида ба ӯ 3 рӯз мӯҳлат доданд, ки ӯ ҳамсараш Аҳмедова Гулнозаро ёфта, ба пеши кӯдаки хурдсолаш биёрад ва бо падараш ба алоқа барояд.

Турсуной ба ман занг зад ва гуфт, ки “Аҳволи духтаратон вазнин аст. Ӯ дар кӯча бепулу бе ҷои истиқоматӣ мондааст, кӯдакашро падараш бо зӯрӣ кашида гирифтааст. Маҷбур карда истодааст, ки аз ҳуқуқи модарии худ даст кашад ва кӯдаки ширхорашро монда равад” Инро шунида ба як ҳолате афтодам, ки танҳо худам медонам. Бо гиря гуфтам ба духтарам чӣ хеле, ки ёрдам дода тавонад, ёрӣ диҳад, ман пули даркориро равон мекунам, барои баргаштанаш роҳкиро равонаш мекунам. Ӯ ваъда дод, ки ба духтарам ҳатман ёрдам мерасонад.

Бо маслиҳати Турсуной духтарам ҳамроҳи ӯ ба масҷиди мусалмонон рафтааст. Имоми ҳамон масҷид Ҳабибуллоҳро ба модараш Аҳмедова Гулноза гирифта додааст. Бо ҳар гуна сабаб Соҳибов Набиҷон шаҳодатномаи таваллуди кӯдакро надодааст. Бо ёрии Турсуной 15 августи соли 2012 аз САҲШ - и ҷои истиқоматии духтарам ба кӯдак Соҳибов Ҳабибуллоҳ шаҳодатномаи таваллудро такрорӣ гирифта, аз Сургут онҳоро ба шаҳри Хуҷанд равон кард. Духтарамро аз фурудгоҳ пешвоз гирифтам, ки чеҳрааш аз озору уқубат ношинохтанӣ шуда буд. Ӯро ба хона оварда, дарҳол ба духтур нишон додам ва табобаташ кунондам. Таҳсилашро барқарор кардам. Аз курси 3 - юм таҳсилашро давом дод.

Мурофиае, ки бе мо тақдирамонро ҳал кард

Духтарам аз соли 2014 бо ҳалномаи Суди ноҳияи Спитамен аз шавҳараш ҷудо шуд. Дар миёни чор сол гӯё муаммо ҳал шуда буд. Аз рӯи талаботи қонун ҳамаи ҳуҷҷатҳоро тахт карда, набераамро расман ба парасторӣ гирифтам, аммо соли 2018 ба МИҲД - и н. Спитамен Соҳибов Набиҷон аз болои ман ариза навиштааст, ки гӯё ман майнӯшу беодоб буда, барои кӯдак шароити мусоид муҳайё накардаам, аз ин сабаб духтарам кӯдакро партофта рафтааст. Дар асл ман омӯзгори собиқадор ва раиси маҳалла мебошам ва ин ариза туҳмати руирост аст.

 

Аз идора: Идомаи ин номаи пурсӯзро, ки ифшокунандаи чанд кирдори ҷинояткорона аст ва чанд касро дар иҷрои амалҳои ваҳшиёна гумонбар мекунад, пагоҳ дар ҳамин вақт аз сомонаи “Оила” мутолиа кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД