Arzon New
НАБЕРААМРО ПАДАРАШ ДУЗИДА РУССИЯ БУРД, АММО МАҚОМОТ ЧОРА НАДИД!
4199

Рӯзи 17 сентябри соли равон набераам Соҳибов Ҳабибуллоҳ Набиҷоновичро, ки дар МТМУ №28 - и деҳаи Саидқалъа, ҷамоати деҳоти Истиқлоли шаҳри Хуҷанд дар синфи дуюм мехонд, падараш - Соҳибов Набиҷон Абдуваҳобович дуздида, ба мошин савор карда бурд. Ҳамон рӯз набераам Ҳабибуллоҳ ҳамроҳи писарчаи ҳамсоя – Комрон, тахминан соати 7:20 ба мактаб рафт.

Каме баъд, аниқтараш соати 08:18 ба телефони ман муаллимаи мактаб Каримова Маҳбуба занг зада, оиди бо роҳи зӯроварӣ ба мошин шинонида бурдани набераам гуфт. Ман зуд ба мактаб рафтам ва баъди оне, ки аз рафти ҳодиса огоҳ шудам ба ШВКД ва Прокуратураи ноҳияи Спитамен муроҷиат кардам.

Дар рафти санҷиш маълум гашт, ки набераам Ҳабибуллоро падараш - Соҳибов Набиҷон бо роҳи зӯроварӣ ба мошини тамғаи “Мерседес Бенс”, рақами қайди давлатиаш 0651 02, ки ба шаҳрванд Алиакбаров Бобоҷон тааллуқ доштаааст, ҳамроҳи Мансур ном шахс бо роҳи маҷбурӣ бор карда бурдаанд. Ин ҳолатро Наргиза ном ҳамдеҳаамон ҳамчун шоҳид тасдиқ мекунанд.

Ягона умеди васӣ

Аз суханҳои ҳамдеҳаамон Акмал ва додари ӯ Набиҷонфаҳмидам, ки гӯё бо ҳамроҳи набераам ба Федератсияи Русия сафар кардааст. Онҳоро ҳамдеҳаамон Атабоев Даврон то шаҳри Исфара (минтақаи наздисарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон) роҳбарӣ намудааст.

То имрӯз ҳамчун парастор ман ё ҳамсарам ва ё модари ноболиғ (духтарам Гулноза) бо набераам суҳбат накардаем ва ҳатто намедонем, ки ӯ дар куҷост ва дар кадом ҳолат қарор дорад. Сиҳат аст ё бемор, таҳсилаш чӣ шуд ва чӣ хурдаву чӣ пӯшида истодааст ба мо номаълум аст. Аз ин рӯ, ягона умедонамон Прокуратураи генералӣ ва журналистон аст, ки дар ин муаммои сарбаста метавонанд мӯйро аз хамир ҷудо карда, набераамро, ки ба таври қонунӣ ман ҳамчун бобо ба парасторӣ гирифта, калону мактабхон карда будам, боз ба наздам бармегардонад.

Асли муаммои сарбаста

Духтарам Ахмедова Гулноза оилаи ноустувор дорад. Ӯ соли 2010 бо Соҳибов Набиҷон Абдуваҳобович оила барпо кард. Дар ҳамон вақт дар курси дуюми Коллеҷи тиббӣ мехонд. Оилаи Соҳибовҳо ваъда доданд, ки таҳсили духтарамро дар Федератсияи Русия (шаҳри Томск) идома медиҳанд. Ӯро баъди тӯй ба шаҳри Нефтюганси вилояти Сургути Русия гирифта бурданд. Аммо бо ҳар гуна баҳонаҳо барои идомаи таҳсилаш монеъ шуданд. Маҷбур шудам, ки барои духтарам шакли таҳсили академӣ гирам.

Рӯзи 24 июни соли 2011 набераам Соҳибов Ҳабибуллоҳ Набиҷонович ба дунё омад. Духтарам 25 июни ҳамон сол, соати 01:27 аз рақами коргарони таваллудгоҳи ҷои истиқоматаш занг зада, гуфт: “Падарҷон маро гирифта баред, чунки ман дигар ба шавҳарам даркор нестам. Шавҳарам писари ман ва ду писари бародараш Музаффар Соҳибовро ба роҳи Аллоҳ месупоридаст”.

Ман дарҳол бо ҳамсарам Ҷумабоева Гулбаҳор ба хонаи падару модари домод рафтем. Дарвозаро хусури духтарам - Соҳибов Абдуваҳоб кушод. Ман ба ӯ ҳолати корро гуфта додам, аммо аз ӯ ягон садо набаромад.

Баъди чанд лаҳза гирякунон ба ман гуфт: “Ман ҳамсари худро сафед намекунам, лекин барои фарзандонам шуда бо ӯ зиндагии якҷоя мебарам. Ҳатто бародарам Соҳибов Абдуғаффор аз кирдорҳои ношоями ҳамсарам бо хонадони ман барои диданамон қадам намемонад. Ман худам ӯро диданӣ меравам. Оид ба ин масъалаҳо ягон ҳабар надорам. То саҳар ман ҳолати корро фаҳмида, ба шумо ҷавобашро мерасонам”, - гуфт Абдуваҳҳоб ва моро ба хона равон кард. Ҳамон вақт ҳамсараш, яъне хушдомани духтарам дар Федератсияи Русия қарор дошт. Он зан аз амалҳои ноҷою нодурусти писараш ҳамеша пуштибонӣ мекард.

Саннаи 26 июн, тақрибан соати 6 - и саҳар ба хонаи ман Соҳибов Абдуваҳоб омад ва гуфт: “Духтаратон ва набераатонро баъди гузаштани чиллааш меоранд”. Моҳи август духтарам бо хушдоманаш ба Тоҷикистон баргашт.

Аз рӯи нақли духтарам барои баргаштани ӯ шавҳараш монеа мешудааст ва бо шарофати Соҳибов Абдуваҳоб ӯро бо фарзандаш барои баргаштан рухсат додааст. Баъди омадан духтарам таҳсили худро даъвом дод.

Вале рӯзи 26 октябри соли 2011 ба ман аз Русия занг омад. Вақте гӯширо бардоштам, духтарам: “Падарҷон моро аз Федератсия Русия гирифта баред” гуфт. Ҳайрон шудам, ки ӯ дар Тоҷикистон таҳсил мекард, чӣ хел боз ба Русия рафтааст? Маълум шуд, ки ӯро рӯзи 16 октябри соли 2011 бо роҳи фиреб барои имзо мондани шаҳрвандиаш падару модари Соҳибов Набиҷон ба Федератсия Русия равон карда будаанд.

Аз фурудгоҳи Русия духтарамро шавҳараш Соҳибов Набиҷон пешвоз гирифта, аз дасташ писарашро кашида гирифта, худи ӯро лату кӯб карда дар ҳамон ҷо монда рафтааст. Духтарам дар ҳолати асабхаробӣ писарашро кофта ёфтааст, вале дере нагузашта шавҳараш танҳо барои додани шири модар ба кӯдак ӯро ба хона даровардааст. Дар дигар вақт бошад, ӯро аз хона пеш кардааст. Чунин рафтори хушунатбори Соҳибов Набиҷон то соли 2012 давом ёфт, ки духтарамро лату кӯб карда, азоби зиёд медод.

Аз идора: Идомаи ин номаи пурсӯзро, ки ифшокунандаи чанд кирдори ҷинояткорона аст ва чанд касро дар иҷрои амалҳои ваҳшиёна гумонбар мекунад, пагоҳ дар ҳамин вақт аз сомонаи “Оила” мутолиа кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД