Arzon march 2024
Наҳанг духтари 16-соларо хӯрд
1085


Дар натиҷаи ҳамлаи наҳанг духтараки 16-солае аз шаҳри Перт, воқеъ дар соҳили ғарбии қитъаи Австралия ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора шабакаи телевизионии «News» хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки наҳанг ба ин духтари 16-сола, ки дар дарёи Свон дар Перт шино мекард, якбора ҳамла кардааст. Духтарак ҳамроҳи наврасони дигар машғули бозӣ будааст ва делфинҳоро мушоҳида карда, ба об ҷастааст, то бо ҳайвонҳо шино кунад. Дӯстонаш иддао доранд, ки дар ин лаҳза ба ӯ наҳанг ҳамла кардааст.
Сокинони шаҳр, ки шоҳиди ин ҳодиса буданд, ҷабрдидаро аз об берун кашида, наҷотдиҳандагонро даъват кардаанд.

Наҷотдиҳандагон ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, ҷавондухтари 16-соларо бо ҷароҳатҳои вазнини пояш аз об берун оварданд. Табибон кӯшиш карданд, ки наҷоташ диҳанд, аммо духтарак аз талафоти хуни зиёд фавтидааст.

Гуфта мешавад, ки ба духтар «наҳанги барзагови ваҳшӣ», ки бо номи «наҳанги кунд» маъруф аст, ҳамла кардааст. Ин навъи наҳанг дар обҳои соҳили уқёнус зиндагӣ мекунад.
Дар соли 2022 дар Австралия 15 ҳодисаи ҳамлаи акулаҳо ба одамон сабт шуда, сетои онҳо бо марг хотима ёфтааст.
Пол Робинсон, нозири пулиси Австралияи Ғарбӣ мегӯяд, дар ин минтақа наҳангҳо кам ба назар мерасанд - бори охир як навраси 13-сола дар дарёи Свон бар асари ҳамлаи наҳанг ба ҳалокат расида буд. Аммо ин корманди интизомӣ мардумро ба эҳтиёткорӣ даъват кардааст.
Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД