Sebiston new 2024 october
МӮЙСАФЕДИ АВБОШ БА ЗИНДОН РАФТ
4324

Аслан калонсолон бояд бо рафтору кирдору гуфторашон барои насли ҷавон намунаи ибрат бошанд, вале афроде ёфт мешаванд, ки ба мӯйи сарашон сапедӣ дамида бошад ҳам, ақлашон ҳеҷ ба ҷояш намеояд. Барои ду пула гап, ин тоифа баъзан мисли хурӯси ҷангӣ аз гиребони рақибашон гирифта, бо доду фиғон, дашному ҳақрат ва муштзанию кордкашӣ натанҳо ба сари шахси дигар, балки ба сари худашон ҳам бало меоранд...

Рафтори авбошонаи як марди 62-сола, ки дар дами пирӣ даст ба ҷиноят задааст, масали халқии “Бузургӣ ба ақл аст, на ба сол”-ро ба ёд меорад. Қаблан ин марди бадҷаҳлу беандеша бо моддари 220-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон маҳкум гашта бошад ҳам, ранҷу азобҳои дар кунҷи зиндон кашидааш барояш дарси ибрат нагаштанд. Баъди ба озодӣ баромадан ба ҷойи худоро шукру сипос гуфтану бақияи умрашро сарфи амалҳои нек намудан, ин марди умраш ба ҷое расида, дубора даст ба ҷиноят зада, посбони яке аз таваққуфгоҳҳои шаҳри Душанберо корд задааст.

Ин ҳодисаи хунин нимаи дуюми рӯзи 20-уми декабр, тахминан соатҳои 16.45 рӯй додааст.

Дар хабари ВКД гуфта мешавад, ки гумонбар қабл аз содир намудани ҷиноят, машруботи спиртӣ нӯшида, дар ҳолати мастӣ ба ҷойи кори марди 66-солаи посбон, ки эҳтимолан аз ёру ошноҳояш мебошад, омада, аз ҳиссиёти авбошӣ бо номбурда ҷангу ҷанҷол бардошта, дар ҷараёни муноқиша ба шиками рақибаш корд задааст.

Посбони 66-соларо бо ҷароҳати хунбор ба бемористон интиқол доданд, нисбати кордкаши бадмаст бошад, парвандаи ҷиноӣ оғоз гаштааст. Дигарон дар ин синну сол дар ҳалқаи ҳамсару фарзанду наберагонашон давлати пирӣ меронанд, вале ин марди бадқаҳру беандеша боқии умрашро дар пушти панҷараи зиндон сипарӣ хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД