Arzon admin
Мӯйсафеди авбош
651

Вазорати корҳои дохилии кишвар аз боздошти як марди 62-сола бо гумони авбошӣ хабар додааст. Гуфта мешавад, ки мавсуф марди дигарро бо шишаи шикаста зада захмӣ кардааст.

“Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 62-солаи сокини шаҳри Бӯстон бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд. Гумонбаршаванда шаби 21-уми августи соли 2024, тахминан соати 23:30 дақиқа, ҳангоми дар назди ошхонаи «Рустамҷон», воқеъ дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш аз рӯи ҳиссиёти авбошӣ нисбати марди 51-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бе ягон сабаб дашномҳои қабеҳ гуфта, бо мақсади расонидани зарари ҷисмонӣ зарфи шишагии нӯшокии спиртиро шикаста, онро ҳамчун олот ба сифати силоҳ истифода бурда, як маротиба ба тарафи чапи рӯй, якчанд маротиба ба тарафи чапи гардан ва банди дасти ҷабрдида зада, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонидааст”,- навиштааст манбаъ.

Айни замон тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД