sebiston july new
МӮЙСАФЕДИ 85-СОЛАРО АВТОБУС ЗЕР КАРДУ...
5250

Бобои Бухорӣ 85-сол дошт. Мӯйсафед аз ноҳияи дурдасти Рашт ба пойтахт омада, ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки ин охирин сафари ӯст ва дубора дидани дидори гарми фарзандону пайвандонаш ба вай муяссар нахоҳад гашт...

Ин ҳодисаи нохуш рӯзи 13-март, тахминан соатҳои 11. 30 рӯй дода, ронандаи автобуси тамғаи “Лиаз” Абдулмӯмин Маҳсмадраҷавоб ҳангоми ҳаракат аз маҳаллаи Зарафшон ба самти кӯчаи Синои пойтахт пиёдагарди куҳансол Бухорӣ киромиддиновро пахш кард. Мӯйсафеди 85-сола бар асари ин садамаи хунин захмҳои зиёде бардошта, дар бемористон ба ҳалокат расид.
Шоми ҳамон рӯз, тахминан соатҳои 21.30 боз як садамаи маргбор ба вуқуъ пайвастааст.Розиқов Бобохон, сокини шаҳри Душанбе, ронандаи мошини тамғаи “ХИНО” ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати Оқсуи Данғара аз ӯҳдаи идора кардани автомобил набаромада, пиёдагард Абдулҳаким Ҳаётовро пахш намуд. Дар натиҷа ин марди 55-сола захмҳои зиёде бардшта, дар бемористон ҷон ба ҷонофарин супурд.

Садамаи сеюми ҳалокатбор рӯзи 14-март дар ҳудиди ҷамоати деҳоти Ҳусейнови Ёвон рӯй дода, мошини “Опел-Астра” ба ҷарии 30-метра паридааст. Ронандаи Опел дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони ин мошин-Мирзоева Нигина ва Собирова Майрамро бо захмҳои зиёд ба бемористон бурданд.

Бори дигар аз тамоми ронандагон ва пиёдагардон хоҳиш менамоем, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёткор бошанд, зеро эҳтиёт-ними ҳаёт гуфтаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД