Хоб дидам, ки кафи дастам мӯй баровардааст. Тарсидам. Оё ин нишонаи ягон нохушӣ аст. Дар умум, мӯй дар хоб чӣ таъбир дорад?
МУЗАФФАР, шаҳри Душанбе
Посух:
- Нафаре, ки дар хоб дар кафи даст ва тамоми рӯйи худ мӯй мебинад, қарздор мешавад. Мӯй дар дигар аъзои бадан нишонаи боигарӣ аст. Агар шахси тоҷир дар хоб мӯйи худро дароз бубинад, дороияш дучанд мегардад. Ҳамзамон мӯйи кӯтоҳ ба кам шудани давлат ишора мекунад.
Агар нафаре дар хоб мӯйи баданашро бо оҳак тоза кунад, агар бой бошад, муфлис мешавад, агар камбағал бошад, бой мешавад. Рафту мушкиливу ташвиш дошта бошад, рафъ мегардад, бемор бошад, шифо меёбад, қарздор бошад, қарзашро бармегардонад.
Мӯй дар сар нишонаи боигарӣ ва дарозумрист. Бофтани мӯй дар хоб амалӣ шудани корҳо ва молу мулки худро аз зиёну зарар ҳифз намудан аст. Агар нафаре дар хоб бубинад, ки мӯйи сараш дар моҳҳои ҳаҷ неву дигар моҳ тарошида шудааст, аз боигарӣ маҳрум мегардад. Дар хоб дидани мӯйи тарошидаи сар нишонаи хуб аст, шахси чунин хобдида ба ҳаҷ меравад, ба шарте ки дар моҳи ҳаҷ хоб дида бошад.
Агар нафаре аз соҳибкорон мӯйи худро дароз бубинад, тиҷораташ афзун мегардад.
Мӯйи сари худро дар хоб сафед дидан нишонаи расидан ба обрӯву нуфуз аст, агар нафари сарсафед мӯйи сари худро сиёҳ бубинад, мавқеяш дар зиндагӣ тағйир меёбад. Шона кардани мӯй ва риш дар хоб раҳо ёфтан аз ғаму андуҳ, баргардонидани қарз ва ба орзуҳо расидан аст.
Кандан ё чидани мӯйи сафед маънои ба маслиҳати калонсолон гӯш накардан аст. Агар нафари камбизоат дар хоб сари худро сафед бубинад, қарздор мешавад ё ба маҳбас меафтад. Зан сари худро сафед бубинад, шавҳараш занбозӣ мекунад ё ба зани дигаре ошиқ мешавад. Марди зандор мӯйи пешонии худро дароз бубинад, зиндагии хуш насибаш мегардад, марди бе зан чунин хоб бубинад, зани зебову порсое меёбад. Дар хоб зани бе мӯйро хоб дидан нишонаи сар задани муноқиша аст.