sebiston july new
Музаффар Шодиев ҳоҷӣ шуд!
1217


Коргардон, актёр ва сарояндаи шинохтаи тоҷик Музаффар Шодиев бо гузоштани чанд акс дар саҳифаи Инстаграм аз ҳамроҳи модараш ба ҳаҷ рафтанаш хабар додааст.

Дар аксҳо дида мешавад, ки ин ҳунарманд бо либоси сафед дар даргоҳи мақаддас-Хонаи Каъба қарор дорад. Дар зери аксҳо навишта шуааст: “ Аллоҳи меҳрубон ҳар яки шуморо ба дидори хонаи худаш насиб гардонад!”
Дар зери аксҳо мухлисони сершумори Музаффар Шодиев шарҳҳои бисёре навишта, ин ҳунарманди ҷавонро муборакбод гуфтаанд ва “Худованд ба даргоҳаш қабул гардонад”гӯён, таманнои бахшиши гуноҳҳо ва қабул шудани ҳаҷҷи ин ҷавони ҳунармандро намудаанд. Дар як навори дигар ҳунарманд дар бораи сафараш ба ҳаҷ маълумоти бештар дода мегӯяд, ҳамроҳи модараш ва додараш Умед ба зиёрати Хонаи Худо рафта истодаанд.

“Мо ҳатман ба он ҷо, ки рафтем дар ҳаққи шумо дуо хоҳем кард”-мегӯяд Музаффар Шодиев.
Ёдовар мешавем, ки Муззафар Шодиев дар филмҳои “Ашк”, “Сукут” “Кин” ва ”Рӯё” , ки аз зумраи филмҳои муваффақи слҳои охири синамои тоҷик ба шумор мераванд, нақшофарӣ кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД