Аз ман наранҷ. Дар дами пирӣ намехоҳам, ки касе аз ман озурдахотир бошад.
Писарҷон, маро ба ҷойи хуб овардӣ. Ин ҷо ҳама барои ман меҳрубонанд. Дӯстон ҳам пайдо кардам. Мӯйсафедонро медони ку, дар як дақиқа ба ҳам ошно гашта, марҳами рози ҳамдигар мешаванд. Духтурон, ҳамшираҳо, ҳама-ҳама меҳрубонанд. Ин ҷо макони меҳр будааст. Чун одамони ташнаи меҳр дар ин ҷо ҷамъ шудаанд. Бошандагони ин даргоҳ ҳарчанд ба ҳамдигар меҳр диҳанд ҳам, вале муҳтоҷи меҳру муҳаббати фарзанд ва пайвандону наздикони худ ҳастанд. Дар ин қатор ман ҳам. Хеле мехостам мисли мӯйсафедони дигар назди фарзандонам бошам ва дасти набераамро гирифта, ба мағоза бараму барояш қанд харам. Эҳ, мани содда, ба ту чиҳо менависам...
Писарҷон, дар ёдат ҳаст, рӯзе шароби зиёде нӯшида будиву маро чанд шаппотӣ задӣ. Дашном додӣ, аз гиребонам гирифта, гуфтӣ ки чаро бароят зиндагии шоиста бунёд накардаам. Боз задӣ ва аз дар берун кардӣ. Баъдан ба хонаи пиронсолон ҷой кардӣ.
Умедҷонам, ин ҷо заррае ту айбдор нестӣ! Худатро ҳеҷ гоҳ айбдор ҳис накун. Медонӣ чаро? Зеро ман ҳам ба бобову бибият чунин муомаларо раво дидаам. Чӣ гунае, ки ту маро зада дашном додӣ, ман ҳам бобоятро айнан чунин кардаам. Гардиши рӯзгор маро ба ин рӯз овард. Ҳар кулфате, ки ба сарам омад, ҳама аз пушти ноҳурмативу носипосӣ дар ҳақи волидайнам буд. Имрӯз ман чизҳои коштаамро медаравам...
Ҳар боре, ки ҳамсояҳо дастбагиребонии ману падарамро медиданд, мегуфтанд, ки рӯзе ин рӯзҳо ҳам ба сари ту меояд. Мана, он рӯзҳо воқеан ба сарам омад. Пушаймонам, сахт пушаймонам, писарҷон...
Писарҷон, зиндагӣ монанди оби равон аст. Умри одамизод мисли оби ҷӯй шилдирросзанон меравад. Замоне меояд, ки ту ҳам пиру нотавон мешавӣ! Метарсам, ки писарат ҳам туро ба хонаи пиронсолон наорад... Зеро қоидаи чархи гардун ҳамин аст.
Умед, ман аз ту яку ба ҳазор розиям. Аз ба хонаи пиронсолон оварданат малӯл ҳам нестам, вале хумори дидорат мегирад. Мисли кӯдакони аз модар ҷудо ҳар лаҳза хаёлан туро меҷӯям, мекобам, меёбам, мебӯсам...
Писарҷонам, нури чашмонам. Чанд шаб аст, ки модарат ба хобам медарояд ва маро ба назди худ мехонад. Мехоҳад, ки ҳамроҳаш равам. Шояд ин лаҳзаҳои охири умрам бошад. Шояд ин охирин номаи ба ту навиштаам бошад. Намедонам...
Дастонам меларзад, дигар қувваи навиштан намонд. Умедҷон, фаромӯш накун, ки ин забони ман ҳамеша дар ҳақи ту дуои нек мекунад. Ин рӯзҳоро ман дидам, ту набин. Аз Офаридгори олам таманнои онро дорам, ки саодати ҳар ду олам ва толеи баланд насибат бошад. Бовар дорам, ки ин нома ба дастат рӯзе мерасад. Номаам туро меёбад...
Бо эҳтиром, падари хатокорат!
Орзу мактубро то охир хонд. Аз чашмонаш ашк шорид ва худ ба худ андешид, ки агар ман имрӯз падарамро хору зор кунам, дар дами пирӣ писарам ҳам маро чунин мекунад. Худ ба худ андешида, номаро ба рӯйи миз гузошту берун баромад. Ҳамин замон писарчаи Орзу вориди хона шуду назараш ба мактуб афтод. Ӯ номаро гирифта назди бобояш бурд.
- Бобоҷон, ин афсонаро ба ман хонед,- кӯдак гумон мекард, ки ҳар чизи навишта афсона аст. Ӯ намедонист, ки ин як номаи пурдарди пирамардест.
Мӯйсафед номаро аз дасти наберааш гирифту хонд. Нома аз ашки чашмони мӯйсафед тар шуд. Ӯ ончунон гирист, ки овози ҳиқ-ҳиқаш ба берун баромад. Орзу овози падарашро шунида, давида ба хона даромад.
- Падарҷон, номаро чаро гирифтед, кӣ ба шумо дод?
- Писарам, ин нома аз куҷо ба дасти ту омад?
- Падарҷон, мани хатокорро бубахшед. Ману келинатон хостем шуморо ба хонаи пиронсолон ҷой кунем. Баъди хондани ин нома пушаймон шудем. Бале, пушаймон. Падарҷон, маро бубахшед, ман шуморо ба хонаи пиронсолон ҷой намекунам.
- Писарам, номаро кӣ ба ту дод?
- Мудири хонаи пиронсолон.
- Медонӣ ин номаи кист?
- Не!
Ин номаи пурдард аз бобоят аст. Ман бобоятро ба чунин рӯз овардаам ва солҳост, ки пушаймонам.
***
- Эҳ занак, қариб буд, ки мо ҳам барои замони пирии худ чоҳи калоне канем. Ин дунё ҳамин аст, мекориву медаравӣ. Пас, чаро кӯшиши чизи хубро коштан намекунем? Афсӯс, сад афсӯс, чаро коре мекунем, ки оқибат пушаймонӣ меорад? Набояд аз паси коре бошем, ки моро пушаймон кунад. Ҳамин тавр не, занак?
- Бале, мардак, ман хатои худро фаҳмидам. Мо ҷавонон ояндаи худро месохтаем. Ин бахти бузурге буд, ки ба мо муяссар шуд.
- Занак, биё дар ин дунёи пурмоҷаро бемоҷаро зиндагӣ кунем.
Орзуву Гулноза хариди зиёде карда, ба хонаи пиронсолон рафтанд. Муаззамаро дида, номаро супориданд ва ташаккур гуфтанд. Сипас бо нуқлу кабоб ва ҳазору як майда чӯйда бошандагони хонаи пиронсолонро меҳмондорӣ карданд.
АРДАШЕР