10-уми декабр дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба баргузории Мусобиқаи варзишии сайёҳӣ аз намуди «Роҳгардии скандинавӣ» ҷаласа баргузор гардид.
Бино ба иттилои Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон, иброз гардидааст, ки ин мусобиқа нимаи сеюми моҳи декабри соли равон баргузор мегардад.
Мақсад аз баргузор намудани чунин чорабинии варзишӣ ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти фарогирӣ ба ҷойҳои фарҳангӣ ва санъат, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди сайёҳии варзишӣ мебошад.
- Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон кӯшиш менамояд, ки мусобиқаҳои варзиширо дар сатҳи байналмилалӣ баргузор намояд,- меафзояд манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки роҳпаймоии скандинавӣ як намуди сайругашт аст, ки дар он аз таҷҳизоти махсус (чӯбҳо) истифода мешавад.