Чанд рӯз пеш расман баргузории дуюмин мусобиқаи Ассотсиятсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои миллии мардон эълон шуд. Ин мусобиқаи бонуфуз бо иштироки шаш тими минтақа - Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Афғнистон ва ду тими даъватшуда - Уммон ва Малайзия доир мешавад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки аз 29-уми август то 8-уми сентябр таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард. Мусобиқаро 2 кишвар - Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мизбонӣ хоҳанд кард.
Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Бозиҳо дар гурӯҳи “А”дар Тошканд ва бозиҳо дар гурӯҳи “В” бо иштироки мунтахаби Тоҷикистон дар Ҳисор баргузор мешавад.
Қуръакашии ин бозиҳо имрӯз, 3-юми июл соати 16:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.