Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии Ҷоми ҷаҳон оид ба велосипедронии кӯҳӣ - «Eliminator Mountain» баргузор гашт.
Чорабинӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашта, дар он 120 нафар варзишгарон аз 40 давлати дунё иштирок доштанд.
Омода намудани варзишгарони муваффақ ва дарёфти чеҳраҳои нав барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи баланд яке аз ҳадафҳои асосии ин мусобиқа буда, он ба тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маҳорати варзишии иштирокчиён ва муаррифии фарҳангу тамаддун ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Ёдрас мешавем, ки велосипедронӣ дар баробари яке аз намудҳои шавқовари варзиш буданаш ба саломатии инсон манфиатҳои зиёде дорад. Тибқи маълумоти мутахассисони соҳаи тиб, машғул шудан ба дучархаронӣ махсусан ба системаи асаб ва халос шудан аз вазни зиёдатӣ муфид мебошад.