Муҳсинзода Ғафур Муҳсин, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти хабарии имрӯза шумораи гирифторшавии беморони ковидро баён карда, қайд кард, ки қисми зиёди сироятёбии бемории COVID 19 дар шароити хона ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин замина номбурда ҳамчунин илова кард, ки 43 фоизи беморон дар хона, 12 фоиз дар корхонаҳо ва 11 фоиз дар маъракаҳо сироят ёфтаанд. “Аз панҷ нафар сироятёфтаи бемории ковид як нафараш онро вазнин мегузаронад”, қай кард, Муҳсинзода Ғафур Муҳсин, муовини аввали вазири тандурустӣ.
Аҳолии кишвар аз моҳи марти соли ҷорӣ то 24 июл 451 735 нафар ваксинаи ковидро гирифтаст.